
Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар ноҳияи Айнӣ дидорбинии Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо собиқадорони меҳнат баргузор гардида истодааст.
Зимни ин мулоқоти самимӣ Раиси ноҳия собиқадоронро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз табрик намуда, ба онҳо саломатии бардавом, рӯзгори обод ва комёбиҳои нав таманно кард. Қайд гардид, ки саҳми собиқадорони меҳнат дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия назаррас буда, таҷрибаи ғанӣ ва фаъолияти ибратбахши онҳо барои насли ҷавон намунаи омӯзанда мебошад.
Раиси ноҳия иброз дошт, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат ва оғози корҳои ободониву созандагӣ мардумро ба ваҳдат, дӯстӣ ва меҳнати софдилона ҳидоят менамояд. Дар ин замина, эҳтиром ва ғамхорӣ нисбат ба собиқадорон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни мулоқот бо собиқадорон суҳбати озоду самимӣ баргузор гардида, онҳо аз таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ин иқдом нишонаи эҳтирому арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи собиқадорон буда, дар таҳкими рӯҳияи худшиносиву ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд.










