
Дар ноҳияи Айнӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида истодааст.
Ба ин муносибат дар шаҳраки Сарводаи Ҷамоати шаҳраки Зарафшон чорабинии идона баргузор шуда, дар он Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Раиси ноҳия нахуст аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, чакандӯзӣ, кулолгарӣ ва дигар анъанаҳои қадимаи ниёгон дидан намуда, бо ҳунармандон суҳбати самимӣ анҷом дод. Ҳамзамон, дар доираи барномаи фарҳангӣ бозиҳои миллии суннатӣ, аз қабили гуштингирӣ, бандкашӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ доир гардида, мавриди таваҷҷуҳи меҳмонон қарор гирифтанд.
Сипас, дар қисми расмии чорабинӣ Раиси ноҳия зимни суханронӣ сокинон ва меҳмононро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, таъкид кард, ки Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик, рамзи эҳёи табиат, дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ маҳсуб меёбад. Қайд гардид, ки маҳз бо талошу ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Ҳамчунин зикр шуд, ки ҷашни Наврӯз сокинони ноҳияро ба корҳои ободониву созандагӣ, таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳидоят менамояд. Дар ин замина, мардуми заҳматкаши ноҳияи Айнӣ бо руҳияи баланд дар корҳои бунёдкорӣ саҳмгузорӣ намуда, барои пешрафту ободии диёр талош меварзанд.
Дар идома барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ манзури ҳозирин гардонида шуда, суруду рақсҳои ҷаззоб фазои идонаро боз ҳам гармтар намуд.
Тантанаҳои наврӯзӣ дар ноҳияи Айнӣ дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои ниёгон баргузор гардида, барои иштирокчиён таассуроти нек боқӣ гузоштанд.





и ещё 18










