Хабарҳои руз

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Дар ноҳияи Айнӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар рӯзи таҷлили Иди Наврӯз дар деҳаи Вешканди Ҷамоати деҳоти Урметан бо сокинон мулоқот анҷом дода, онҳоро бо фарорасии Соли нави миллӣ самимона табрик намуд.
Зимни суханронии худ раиси ноҳия иброз дошт, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, рамзи сулҳу дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамбастагӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа нақши муҳим дорад. Таъкид гардид, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкиму тақвияти худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардида, сокинони мамлакатро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун месозад.
Дар доираи ин сиёсати созанда, дар деҳаи Вешканд як қатор корҳои ободонӣ амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, дар гузари Устогеи деҳа бо ташаббуси ҷавонони ватандӯст ва дастгирии сокинон як бочкаи оби нӯшокии 25-тоннагӣ насб карда шуд, ки ба беҳтар гардидани таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ мусоидат намуд.
Ҳамзамон, бо саҳмгузории фаъолонаи сокинон ва шахсони саховатпеша роҳи мошингарди маҳаллаи Устоге бозсозӣ гардида, шароити мусоиди рафтуомад барои аҳолӣ фароҳам оварда шуд. Қайд гардид, ки чунин иқдомҳо натиҷаи ҳамбастагӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии сокинон буда, ба рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳал заминаи устувор мегузоранд.
Дар идомаи сафари корӣ раиси ноҳия клуби деҳаи Вешкандро, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таъмиру таҷдид гардидааст, мавриди истифода қарор дод. Иншооти фарҳангӣ барои баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ва фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда, дар рушди ҳаёти фарҳангии сокинон саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Ҳамчунин, зимни мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Урметан таъкид гардид, ки ободонии ҳар як маҳал аз масъулияти ҳар як сокини он вобаста буда, саҳмгузорӣ дар корҳои созандагӣ вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди худогоҳ ба шумор меравад.
Сокинони деҳаи Вешканд, ки яке аз мавзеъҳои қадимаи водии Зарафшон маҳсуб меёбад, имрӯз низ бо эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва бо рӯҳияи баланди худшиносӣ дар ободонии диёр саҳми фаъол мегузоранд.
Тантанаҳои Наврӯзӣ дар ноҳияи Айнӣ дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида истода, бори дигар собит сохтанд, ки мардум бо дастгирии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумат дар роҳи ободиву пешрафти Ватан устуворона қадам мегузоранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 11

Leave a Reply

Back to top button