Хабарҳои руз

Қадрдонии кӯчарӯбон дар Рӯзи Иди Наврӯз

Дар партави сиёсати инсондӯстона ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, субҳи 21 марти соли 2026 дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯз мулоқоти Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ инчунин намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Исмоил Вализода иштирок намуд.
Мулоқот дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ доир гардида, зимни он Раиси ноҳия, пеш аз ҳама, занони кӯчарӯбро ба муносибати фарорасии Соли нави миллӣ самимона табрик гуфт.
Зикр гардид, ки меҳнати содиқона ва заҳматҳои шабонарӯзии кӯчарӯбон дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист бисёр муҳим буда, маҳз бо талошҳои онҳо маркази ноҳия дар ҳолати хуби экологӣ қарор дорад.
Раиси ноҳия таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ дар асоси сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони меҳнатдӯст ва масъулиятшиносро дастгирӣ ва қадрдонӣ менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ ба кормандони соҳа ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадрдонӣ маводи ғизоӣ ва тӯҳфаҳои идона тақдим гардид. Ҳамчунин, ба корхонаҳои марбута се адад автомошини махсуси тозакорӣ супурда шуд.
Дар навбати худ, занони кӯчарӯб барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ бо масъулияти баланд баҳри ободиву зебоии ноҳияи азиз саҳм мегузоранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 4

Leave a Reply

Back to top button