
Дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Айнӣ мулоқоти гарму самимии роҳбарияти ноҳия бо ятимони кулл баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Вализода, 12 нафар ятимони кулл ва парасторони онҳо доир шуд.
Раиси ноҳия зимни суханронии худ иштирокчиёнро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз самимона табрик намуда, ба кӯдакон пеш аз ҳама саломатии бардавом, хониши аъло, иродаи қавӣ ва ояндаи дурахшон таманно кард. Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимон ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Зикр шуд, ки бо дастгирии роҳбарияти олии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ барои беҳтар намудани шароити зиндагии ятимон ва муҳайё намудани имкониятҳои таҳсилу тарбия тадбирҳои муассир амалӣ гардида, ин раванд минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ятимони кулл кӯмаки молиявӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуд, ки аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим дар самти дастгирии иҷтимоии онҳо ба шумор меравад.
Ҳамчунин, идомаи чорабинӣ дар фазои идона бо иштироки кӯдакон ва наздикони онҳо дар тарабхонаи “Шоми Бухоро” баргузор гардида, дастархони пурнозу неъмати наврӯзӣ ороста шуд. Барномаи фарҳангӣ ва фазои гарму дӯстона ба ин вохӯрӣ ҳусни тоза бахшид.
Баргузории чунин мулоқоту чорабиниҳои хайрхоҳона далели равшани таваҷҷуҳи доимии давлат ва мақомоти маҳаллӣ нисбат ба табақаҳои осебпазири ҷомеа мебошад. Ин гуна иқдомҳо дар дили кӯдакон ҳисси умед ба фардои нек, эътимод ба зиндагӣ ва муҳаббат ба Ватанро тақвият мебахшанд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айн





и ещё 4










