Хабарҳои руз

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ БЕТОНТАЙЁРКУНӢ ВА ИСТЕҲСОЛИ ҚУМУ ШАҒАЛ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Дар доираи тадбирҳои созандагӣ ва рушди соҳаи саноат, дар ноҳияи Айнӣ корхонаи нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Маросими ифтитоҳи корхона бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Вализода баргузор гардид. Масъулин зимни боздид бо имкониятҳои истеҳсолии корхона аз наздик шинос шуда, ба сатҳи омодагии он баҳои мусбат доданд.
Корхонаи мазкур аз ду самти асосии истеҳсолӣ иборат буда, яке корхонаи бетонтайёркунӣ ва дигаре корхонаи коркарди қуму шағал мебошад.
Қисмати бетонтайёркунии корхона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, иқтидори истеҳсолии он дар як соат то 100 метри мукааб бетонро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо истеҳсоли намудҳои гуногуни бетон, аз маркаи 75 то 400 ба роҳ монда шудааст, ки ҷавобгӯи талаботи сохтмони муосир мебошад. Бо ба кор даромадани ин бахш, 20 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
Ҳамзамон, корхонаи коркарди қуму шағал дорои иқтидори баланди истеҳсолӣ буда, метавонад дар як шабонарӯз то 6000 тонна ашёи хомро коркард намояд. Дар ин корхона се намуди қуму шағал истеҳсол гардида, он барои эҳтиёҷоти сохтмонӣ дар ноҳия ва минтақаҳои ҳамсоя пешбинӣ шудааст. Дар ин бахш низ 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Зимни суҳбат бо кормандон ва масъулини корхона, роҳбарияти ноҳия таъкид намуданд, ки таъсиси чунин корхонаҳои истеҳсолӣ барои рушди иқтисоди маҳаллӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти сохтмонӣ ва, аз ҳама муҳим, барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ аҳамияти калон дорад.
Иброз гардид, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва захираҳои табиии ноҳия, минбаъд низ таъсиси чунин корхонаҳо идома ёфта, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.
Бешубҳа, ба истифода додани чунин корхона қадами муҳим дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар сатҳи маҳаллӣ буда, ба рушди соҳаи сохтмон ва иқтисодиёти ноҳияи Айнӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 10

Leave a Reply

Back to top button