
Беморхонаи ноҳиявии Зарафшон, дар рӯзи ҷашни байналмилалии Наврӯз пас аз анҷоми таъмири куллӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ин иқдоми муҳим дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ва бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ амалӣ гардид.
Маросими ба истифода додани муассисаи тиббӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Исмоил Вализода баргузор шуд. Зимни боздид роҳбарият аз шароити нави фароҳамгардида дидан намуда, ба сатҳи корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Қобили зикр аст, ки корҳои таъмиру таҷдиди беморхона аз ҷониби ҶДММ “Анас Муосир” бо сифати баланд анҷом дода шуда, бино ва зерсохторҳои он ба талаботи муосири соҳаи тандурустӣ мутобиқ гардонида шудаанд. Дар доираи ин лоиҳа, инчунин бо фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷойи бақайдгирии ниҳоии шаҳрвандон (ҶБНШ – МОРГ), яъне сардхона барои нигоҳдории ҷасадҳо низ сохта, ба истифода дода шуд, ки ин барои такмили хизматрасониҳои марбут ба соҳаи тандурустӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, беморхонаи кӯдакона пурра азнавсозӣ гардида, бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шуд. Хусусан, ҳуҷраи ҷарроҳӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои анҷом додани амалиётҳои мураккаб шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар доираи корҳои анҷомёфта бинои асосии беморхона пурра таъмир гардида, ҳуҷраҳои бистаришавӣ, утоқҳои муоина ва табобат, инчунин шабакаҳои муҳандисӣ, аз ҷумла гармидиҳӣ ва барқрасонӣ, таҷдид карда шуданд. Ин тадбирҳо барои беҳтар намудани шароити кори кормандони тиб ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба беморон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Зимни суханронӣ Раиси ноҳия таъкид намуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ натиҷаи сиёсати иҷтимоии инсонмеҳваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ӯ зикр кард, ки таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар ба ин соҳа имкон фароҳам овардааст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо муассисаҳои тиббӣ бунёд ва таҷдид гарданд. Ҳамчунин, ӯ масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро боз ҳам баланд бардошта, ба муносибати ғамхорона бо беморон ва риояи меъёрҳои санитарӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Роҳбари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ изҳор дошт, ки минбаъд низ ҷиҳати таҳкими пояҳои моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Бешубҳа, чунин иқдомҳо далели равшани татбиқи амалии сиёсати иҷтимоии давлат дар маҳал буда, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими ҳифзи саломатии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 16










