Хабарҳои руз

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки барои мардуми тоҷик рамзи эҳёи табиат, оғози соли нав ва таҷассумгари арзишҳои волои миллӣ ба ҳисоб меравад, санаи 21-уми март дар ноҳияи Айнӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Ба ин муносибат майдони Фурудгоҳи марказии ноҳия ба як базмгоҳи воқеии наврӯзӣ табдил ёфта, бо ороишоти идона, растаҳо ва хаймаҳои зебо фазои тантанавӣ фароҳам оварда шуд. Дар ин макон анъанаҳои деринаи миллӣ эҳё гардида, суфраҳои наврӯзии «ҳафтсину ҳафтшин», таомҳои миллии хоси ид, аз ҷумла суманак ва шириниҳои гуногун ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳамчунин, маҳсули дастони ҳунармандони маҳаллӣ, аз қабили қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, намадбофӣ, кулолгарӣ, зардӯзӣ, сабадбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ диққати иштирокчиёнро ҷалб намуданд. Ин намоишҳо бозгӯи фарҳанги ғании миллӣ ва ҳифзи анъанаҳои аҷдодӣ буданд.
Дар доираи чорабиниҳои идона баргузории бозиҳои миллӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ низ ба ҷашн шукӯҳи бештар бахшид. Иштироки фаъолонаи кӯдакон ва ҷавонон дар ин бозиҳо аҳамияти тарбиявӣ дошта, барои шиносоии насли наврас бо таъриху фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, барномаи идона хеле рангин ва пурмуҳтаво таҳия гардида буд. Аз ҷумла, озмунҳои ҷолиб ба мисли «Ош», «Ошхӯр» ва «Дастони моҳир» баргузор гардида, маҳорати занони ҳунарманд ва пазандагони моҳирро инъикос намуданд. Инчунин, гӯшаҳои сайру фароғат, намоиш ва фурӯши маҳсулоти маҳаллӣ ва таомҳои миллӣ барои сокинон ва меҳмонон муҳайё карда шуданд.
Дар чорабинии идона Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти вилояти Суғд, вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва сокинону меҳмонони сершумор иштирок намуданд.
Зимни боздид, роҳбарияти ноҳия аз маросими суннатии «Говбаророн» ва хаймаҳои идона дидан намуда, ба ҳунару истеъдоди ҳунармандон баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки чунин иқдомҳо барои эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба арзишҳои маънавӣ аҳамияти калон доранд.
Раиси ноҳия зимни суханронии худ сокинонро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, иброз дошт, ки Наврӯз яке аз муқаддастарин ҷашнҳои миллӣ буда, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои роҳбарияти олии кишвар эҳё ва густариш ёфтааст. Қайд гардид, ки Наврӯз имрӯз на танҳо ҷашни миллӣ, балки рамзи ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ низ суханронӣ намуда, сокинони ноҳияро бо фарорасии Наврӯз табрик гуфтанд ва барояшон сулҳу осоиштагӣ, файзу баракат ва пешрафту шукуфоиро таманно карданд.
Дар фарҷоми тантана барномаи рангину ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон пешкаши ҳозирин гардида, фазои идонаро боз ҳам шукӯҳманд гардонид.
Бешубҳа, таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар ноҳияи Айнӣ гувоҳи равшани эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва талошҳои пайваста ҷиҳати ҳифзу рушди фарҳанги бостонии тоҷикон буда, ба таҳкими рӯҳияи ваҳдату ҳамдилӣ ва баланд бардоштани ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 76

Leave a Reply

Back to top button