Хабарҳои руз

Азнавсозии бинои маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Айнӣ

Бахшида ба ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ корҳои ободониву созандагӣ рӯз ба рӯз вусъат ёфта, симои ноҳия тадриҷан наву замонавӣ мегардад. Дар ин раванд саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ назаррас буда, онҳо барои рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Маъруфҷон Шарофов дар деҳаи Айнӣ сохтмони бинои нави маркази хизматрасонӣ оғоз гардид. Дар маросими гузоштани хишти асос раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иштирок намуда, ба корҳои оғозшуда ҳусни оғоз бахшид.
Тибқи лоиҳа, бинои маркази хизматрасонӣ аз ду ошёна иборат буда, бо истифода аз масолеҳи муосири сохтмонӣ бунёд мегардад. Пешбинӣ шудааст, ки баъди ба истифода додани он, то 6 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Марказ имконият фароҳам меорад, ки сокинон аз хизматрасониҳои гуногун дар сатҳи маҳаллӣ бо сифати баланд истифода намоянд.
Зимни суҳбат бо масъулон, раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ба масъалаи ҷорӣ намудани хизматрасониҳои рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ӯ таъкид кард, ки истифодаи технологияҳои муосир метавонад раванди хариду фурӯш ва пешниҳоди хизматрасониҳоро хеле осон ва шаффоф гардонад. Дар ин замина, ба соҳибкор тавсия дода шуд, ки дар маркази нав имкониятҳои пардохти ғайринақдӣ, хизматрасонии электронӣ ва истифодаи платформаҳои рақамиро роҳандозӣ намояд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки рушди чунин хизматрасониҳо ба пешбурди ҳукумати электронӣ ва беҳтар гардидани сатҳи идоракунӣ мусоидат намуда, барои сокинон шароити мусоиди дастрасӣ ба хизматрасониҳои муосирро фароҳам меорад.
Бунёди чунин иншоотҳо далели равшани рушди устувори ноҳия буда, дар баробари беҳтар намудани инфрасохтор, ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 8
Смотреть статистику

152

14

9

Leave a Reply

Back to top button