
Дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳияи Айнӣ вохӯрии судманд бо иштироки раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ва сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия Алиҷон Рауфзода бо сокинон баргузор гардид. Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаи мубрами рӯз — «Муқовимат ба савдои одамон» мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Раиси ноҳияи Айнӣ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки мубориза бо савдои одамон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад. Ӯ дар идомаи баромади худ аз суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда, зикр кард, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амният ва муқовимат ба ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз ҷумла савдои одамон, дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат қарор дорад.
Сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия Алиҷон Рауфзода зимни баромади худ оид ба нақши мақомоти милитсия дар пешгирӣ ва ошкорсозии чунин ҷиноятҳо ибрози назар намуда, қайд кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо истифода аз барномаҳои давлатӣ ва ҳамкории зич бо аҳолӣ барои пешгирии ин падида тадбирҳои муассир меандешанд. Ӯ инчунин таъкид намуд, ки баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон омили муҳим дар коҳиш додани чунин ҷиноятҳо мебошад.
Зикр гардид, ки дар ҷаҳони имрӯз дар баробари терроризм, экстремизм, сепаратизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон низ ба як мушкилоти ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин падида ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф гардида, ба ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа зарари ҷуброннопазир мерасонад.
Сархатиби ноҳия Парвиз Ҳоҷизода дар суханронии худ ба масъала аз дидгоҳи арзишҳои динӣ таваҷҷуҳ намуда, таъкид кард, ки дар ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ низ меъёрҳои ахлоқию маънавӣ нақши муҳим доранд. Ӯ амалҳои марбут ба савдои одамонро мухолифи таълимоти динӣ арзёбӣ карда, мардумро ба ростқавлӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми ҳуқуқи якдигар даъват намуд.
Ҳамзамон, собиқадорон ва фаъолони ҷомеа дар баромадҳои худ зарурати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирии фиребхӯрии шаҳрвандон ва ҳифзи гурӯҳҳои осебпазир, бахусус занону кӯдаконро таъкид карданд.
Қайд гардид, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор бо истифода аз роҳҳои гуногун, аз ҷумла ваъдаи ҷойи кори сердаромад дар хориҷ, шаҳрвандонро фирефта намуда, онҳоро ба доми истисмор мекашанд. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу дунявӣ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирии чунин амалҳои нопок тадбирҳои қатъӣ меандешад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки таъсири омилҳои гуногуни идеологӣ ба афкори ҷомеа меафзояд, танҳо бо такя ба имкониятҳои давлат, иродаи қавии мардум ва ҳамкории зичи ниҳодҳои ҷомеа метавон пеши роҳи чунин падидаҳои номатлубро гирифт.
Дар анҷоми вохӯрӣ Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тақвияти ҳамкории ҷомеа бо мақомоти давлатӣ ва андешидани чораҳои пешгирикунанда барои коҳиш додани талабот ба савдои одамон аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 7
Смотреть статистику
90
4
20










