Хабарҳои руз

Қалъаи Кӯҳи Муғ — гавҳари нодири таърих ва ҳувияти миллӣ дар масири тамаддуни Суғд

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Муассисаи давлатии “Телевизиони Тоҷикистон” таҳияи филми мустанади «Қалъаи Кӯҳи Муғ» идома дорад. Филми мазкур дар доираи силсилаи “Ганҷи таърих” таҳия гардида, таҳти роҳбарии муаллифи сенарияи филми мустанад коргардон-таҳиягар Шавкати Муҳаммадӣ ва наворбардор Маъруфи Абдулло рӯи навор гирифта мешавад.
Ҳадафи филм муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллат, эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстии ҷомеа мебошад.
Қалъаи Кӯҳи Муғ, ки дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон ҷойгир аст, яке аз ёдгориҳои муҳими таърихии асрҳои VII–VIII ба шумор рафта, ҳамчун паноҳгоҳи охирин ҳокими Суғд — шоҳ Деваштич маъруф мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли 1932 сокини маҳаллӣ Ҷӯраалӣ Муҳаммадалӣ дастхатҳои нодиреро дар ин мавзеъ пайдо намуда, дар натиҷаи тадқиқоти минбаъда беш аз 70 дастхати суғдӣ ва дигар бозёфтҳои арзишманди таърихӣ кашф гардиданд. Айни ҳол қисми зиёди ин дастхатҳо дар осорхонаҳои бонуфузи ҷаҳон нигоҳдорӣ мешаванд.
Боиси зикр аст, ки моҳи апрели соли 2025 маҷмӯаи дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Феҳристи “Хотираи ҷаҳон”-и ЮНЕСКО ворид гардида, аҳамияти байналмилалии он бори дигар тасдиқ карда шуд. Ҳамчунин, худи ёдгорӣ дар доираи номинатсияи “Роҳи Абрешим: долони Зарафшон–Қароқум” ба Феҳристи мероси умумибашарии ЮНЕСКО шомил мебошад.
Имрӯз аз рафти корҳои таҳқиқотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода боздид ба амал оварданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ зимни боздид иброз дошт, ки Қалъаи Кӯҳи Муғ ҳамчун мероси гаронбаҳои таърихӣ мояи ифтихору сарбаландии мардуми тоҷик буда, муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давлат ба шумор меравад. Зикр гардид, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар атрофи ин ёдгорӣ тадриҷан тақвият дода мешавад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид намуд, ки омӯзиш, ҳифз ва муаррифии чунин ёдгориҳои нодири таърихӣ вазифаи муҳими олимон ба ҳисоб рафта, онҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии тамаддуни тоҷикон нақши калидӣ доранд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи омӯзиш ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таърихи пурифтихори миллатро ҳамчун мактаби бузурги худшиносӣ арзёбӣ менамоянд. Ба таъкиди Сарвари давлат, ҳифз ва тарғиби арзишҳои таърихӣ барои тарбияи насли ватандӯст ва худогоҳ аҳамияти муҳим дорад.
Қайд гардид, ки Қалъаи Кӯҳи Муғ дорои имкониятҳои васеи рушди сайёҳии фарҳангӣ буда, метавонад дар оянда ба яке аз маконҳои муҳими ҷалби сайёҳон табдил ёбад.
Шавкати Муҳаммадӣ гуфт, ки ҳадафи асосии филм муаррифии арзиши беназири таърихии Қалъаи Кӯҳи Муғ, нақши он дар ташаккули тамаддуни Суғд ва бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ дар миёни насли имрӯз аст. Ба гуфтаи ӯ, ин макони таърихӣ на танҳо як ёдгории меъморӣ, балки гувоҳи зиндаи мубориза, фарҳанг ва ҷаҳонбинии ниёгони мост, ки то имрӯз аҳамияти худро нигоҳ доштааст.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки гурӯҳи эҷодӣ кӯшиш дорад бо истифода аз усулҳои муосири филмбардорӣ, далелҳои илмӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ, симои воқеӣ ва ҷолиби ин ганҷи таърихиро пешкаши бинандагон намояд. Ин филм метавонад барои шинохти амиқтари гузашта ва таҳкими худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 39
Смотреть статистику

158

8

52

Leave a Reply

Back to top button