Хабарҳои руз

Вохӯрии раиси ноҳия бо фаъолони ҷамоати шаҳраки Зарафшон

Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷамоати шаҳраки Зарафшон вохӯрии раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо фаъолон, собиқадорони меҳнат ва сокинони маҳаллӣ баргузор гардид.
Зимни суханронии худ раиси ноҳия иброз дошт, ки истиқболи арзандаи ин санаи таърихӣ аз ҳар як шаҳрванд ҳисси баланди масъулият, ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватанро тақозо менамояд. Таъкид гардид, ки бо дарназардошти эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкиму тақвияти худшиносию худогоҳии миллӣ”, зарур аст корҳои ободонӣ дар ҳамаи самтҳо тақвият ёбанд.
Раиси ноҳия ба масъулин ва сокинон ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати инфрасохтор, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, сабзкорӣ, таъмиру тармими роҳҳо ва иншооти иҷтимоӣ, инчунин ташкили ҳашарҳои умумӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Зикр гардид, ки истифодаи самараноки тамоми имкониятҳо ва ҳамкории зичи аҳолӣ метавонад симои шаҳракро боз ҳам зеботар гардонад.
Дар идомаи вохӯрӣ собиқадорони меҳнат — Сафаров Муҳаммадӣ, Ҳусейн Ҷӯраев ва Холов Толиб суханронӣ намуда, сиёсати созандагию бунёдкории Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ карданд. Онҳо иброз доштанд, ки сокинони шаҳраки Зарафшон омодаанд дар ҳамбастагӣ корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, ҷашни бузурги миллиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки таъмини ободию пешрафти маҳал аз ҳамгироӣ, ҳисси баланди масъулият ва саҳмгузории ҳар як шаҳрванд вобастагӣ дошта, сокинон бояд бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи ҷомеа дар рушди диёри худ фаъолона иштирок намоянд.

Leave a Reply

Back to top button