
Муҳтарам кормандони мақомоти андоз!
Бо камоли эҳтиром ва ифтихор ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз самимона табрик менамоем!
Мақомоти андоз яке аз ниҳодҳои муҳим ва калидии давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ ва пешбурди сиёсати молиявии кишвар нақши арзишманд дорад. Маҳз тавассути фаъолияти содиқона ва масъулиятноки Шумо замина барои ободонӣ, рушди иҷтимоӣ ва беҳбудии зиндагии мардум фароҳам мегардад.
Имрӯз, дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми Шумо дар таҳкими пояҳои иқтисодии давлат боз ҳам муҳим ва назаррас арзёбӣ мешавад. Заҳмати софдилона, садоқат ба касб ва ҳисси баланди масъулиятшиносии Шумо шоистаи қадрдонӣ мебошад.
Ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, неруи тоза, иродаи қавӣ ва дар фаъолияти пуршарафатон дастовардҳои нав ба нав орзу менамоем.
Бигзор фаъолияти Шумо ҳамеша ба пешрафт, шукуфоӣ ва ободии Тоҷикистони азиз равона гардад!
Иди касбиатон муборак бошад!

Смотреть статистику
169
9
10










