Хабарҳои руз

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки раиси ноҳия Равшан Раҳимзода Рӯзи кормандони мақомоти андоз дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарони мақомоти қудратӣ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, кормандони соҳаи андоз ва андозсупорандагони фаъол ширкат варзиданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронии худ зикр намуд, ки мақомоти андоз дар даврони 35 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз ниҳодҳои муҳиму калидии давлатӣ табдил ёфтааст. Қайд гардид, ки саҳми кормандони мақомоти андоз дар таъмини суботи молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар назаррас мебошад.
Зикр шуд, ки кормандони соҳа бо меҳнати содиқона ва масъулиятшиносӣ дар таҳкими пояҳои иқтисодии давлат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва пешбурди сиёсати молиявии кишвар нақши муассир доранд. Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза, бахусус дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, фаъолияти самараноки мақомоти андоз аҳамияти бештар касб менамояд.
Ҳамзамон, раиси ноҳия аз суханони Пешвои миллат ёдовар шуда, таъкид кард:
«Мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молиявии давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад».
Сипас, сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Айнӣ Оқилҷон Шодиев суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мақомоти андоз ҳамчун такягоҳи асосии низоми молиявии кишвар фаъолияти худро дар заминаи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда, баҳри таъмини иҷрои пурра ва саривақтии нақшаҳои андоз, баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир тадбирҳои зарурӣ меандешад. Номбурда қайд кард, ки дар солҳои охир бо татбиқи ислоҳоти соҳа сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон беҳтар гардида, шаффофият ва самаранокии фаъолияти мақомоти андоз афзоиш ёфтааст. Ӯ инчунин аз ҳамкории судманд бо соҳибкорон ва аҳолӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз ҳамин ҳамкории созанда заминаи рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад.
Дар идома, прокурори ноҳияи Айнӣ Саидҷамол Ҷалолзода доир ба таърихи ташаккул ва аҳамияти мақомоти андоз сухан гуфта, зикр намуд, ки низоми андозбандӣ аз замонҳои қадим ҳамчун яке аз рукнҳои асосии идоракунии давлатдорӣ шинохта мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар шароити муосир мақомоти андоз на танҳо вазифаи ҷамъоварии маблағҳоро иҷро мекунанд, балки дар таъмини риояи қонун, пешгирии қонунвайронкуниҳои молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии андозсупорандагон низ нақши муҳим доранд. Прокурори ноҳия таъкид кард, ки риояи интизоми андозӣ ва шаффофияти фаъолияти иқтисодӣ омили муҳими рушди устувори давлат ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор кормандони пешқадами мақомоти андоз ва андозсупорандагони намунавӣ сипосномаҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ тақдим карда шуданд.
Чорабинӣ бо рӯҳияи баланд, эҳсоси ифтихори касбӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати кормандони мақомоти андоз анҷом ёфт.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button