Хабарҳои руз

Оғози даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳияи Айнӣ

Дар ноҳияи Айнӣ даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо иштироки намояндагони соҳаи маориф, илму фарҳанг ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оғоз гардид. Ин чорабинии муҳим дар доираи сиёсати давлатӣ ҷиҳати рушди фарҳанги китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати маънавии аҳолӣ баргузор шуда, таваҷҷуҳи зиёди иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд.
Дар маросими ифтитоҳ муовини раиси ноҳия Зебо Саидзода, намояндагони муассисаҳои олии таълимӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла Абдуллоев Ромиз — мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Мирзозода Маҳмадшоҳ — муовини ректори Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияҳои Тоҷикистон, инчунин Баҳром Мирсаидов — директори китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ ва Шарифҷон Тоҷизода — дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки озмун аз рӯйи чор номинатсия — адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон баргузор гардида, мақсади асосии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав дар арсаи суханварӣ мебошад.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Абдусалом Раҷабзода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки чунин озмунҳо барои тарбияи насли донишманду худшинос заминаи мусоид фароҳам меоранд. Муовини раиси ноҳия Зебо Саидзода зимни баромади худ аҳамияти китобро ҳамчун сарчашмаи асосии маърифат таъкид намуда, иштирокчиёнро ба фаъолият ва муваффақиятҳо ҳидоят кард.
Ҳамчунин, Баҳром Мирсаидов иброз дошт, ки китобхонаҳо ҳамчун марказҳои маърифат бояд дар рушди фарҳанги мутолиа нақши калидӣ бозанд ва баргузории чунин озмунҳо ин равандро тақвият мебахшад.
Озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2026, №АП-951 баргузор мегардад. Тибқи ин амр, барои баргузории озмун аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 миллиону 290 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар доираи амри мазкур вазорату идораҳои марбута, аз ҷумла Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар сохторҳо вазифадор шудаанд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмун тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муваззаф гардидаанд, ки ғолибон ва омӯзгорону падару модарони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» яке аз ташаббусҳои муҳим дар самти баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва эҳёи анъанаҳои китобдӯстӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола шумораи зиёди иштирокчиёнро фаро мегирад. Даври дуюми озмун дар ноҳияи Айнӣ низ бо сатҳи баланди ташкилӣ ҷараён гирифта, умед аст, ки истеъдодҳои навро ошкор месозад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 15
Смотреть статистику

52

1

6

Leave a Reply

Back to top button