
Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Айнӣ, вусъати тоза касб намудаанд. Дар ҳамин замина, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳраки Зарафшон-2-и Ҷамоати шаҳраки Зарафшон боздид ба амал овард.
Зимни сафар ба раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки сокинон ва фаъолони маҳаллӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар корҳои ободонӣ саҳми назаррас мегузоранд. Аз ҷумла, таъмиру таҷдиди роҳҳо ва кӯчаҳо, рангубори дару тирезаҳои биноҳои истиқоматӣ, тоза ва барқарорсозии ҷӯйборҳо, ободонии соҳили дарё ва ба макони дилфиреби истироҳат табдил додани он, инчунин сабзкорӣ ва шинонидани дарахтони ҳамешасабз, гулу гулбуттаҳо ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон, корҳои сохтмонӣ ва таҷдид дар самти инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ низ босуръат идома доранд. Сохтмони хонаҳои замонавӣ, мағозаҳо ва дигар иншооти муҳими хизматрасонӣ, таъмиру тармими муассисаҳои иҷтимоӣ, насби панҷараҳои зебою замонавӣ ва ободонии гирду атрофи боғҳо аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим мебошанд. Бахши муҳимро инчунин рушди инфрасохтори сайёҳӣ ташкил медиҳад, ки махсусан дар мавзеъҳои назди дарёҳо бо дарназардошти имкониятҳои табиӣ барои ҷалби сайёҳон роҳандозӣ мегардад.
Раиси ноҳия зимни мулоқот бо сокинон таъкид намуд, ки соли 2026 ҳамчун соли вусъати корҳои ободонӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ бояд бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст гардад. Ӯ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба масъалаҳои худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии шоистаи миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Зикр гардид, ки миллати тоҷик ҳамчун халқи тамаддунсоз ва фарҳангпарвар дар тӯли таърих мероси гаронбаҳои моддӣ ва маънавиро ба ҷаҳониён пешкаш намудааст. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, ки ин анъанаро идома дода, барои наслҳои оянда осори арзишманд ва шоистаи ифтихор ба ёдгор гузорад.
Дар фарҷом, раиси ноҳия сокинонро ба ҳамбастагӣ, заҳмати содиқона ва саҳмгузории фаъолона дар роҳи ободии Ватан даъват намуда, таъкид кард, ки танҳо бо талошҳои муштарак метавонем Тоҷикистони азизамонро боз ҳам зебову пешрафта гардонем. Ободӣ ва созандагӣ гуфт ӯ, — омили асосии рушди устувор ва ояндаи дурахшони миллат мебошад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Меньше





и ещё 21
Смотреть статистику
45
2
8










