Хабарҳои руз

БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

Дар ноҳияи Айнӣ ба муносибати 75-солагии ходимони давлатӣ — Гулчеҳра Саъдуллоева ва Шараф Халилов чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ҳидоятҳои созандаву инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба арҷгузорӣ ва қадрдонии собиқадорони меҳнат, имрӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ чорабинии бошукӯҳ ба муносибати 75-солагии ходимони давлатӣ Гулчеҳра Саъдуллоева ва Шараф Халилов баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, роҳбарону кормандони мақомоти давлатӣ, намояндагони идораю ташкилотҳо, фаъолон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода соҳибҷашнҳоро ба муносибати 75-солагӣ самимона табрик намуда, ба онҳо саломатии бардавом, умри дароз, рӯзгори ободу осуда ва саодати рӯзгор орзу кард.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки собиқадорони меҳнат ҳамчун қишри соҳибтаҷриба ва дорои мактаби бузурги зиндагиву корӣ дар пешрафти ҷомеа нақши арзанда доранд. Маҳз бо меҳнати содиқона, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва таҷрибаи ғании чунин шахсиятҳо дар солҳои гуногун фаъолияти мақомоти давлатӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ таъмин гардидааст.
Равшан Раҳимзода аз хизматҳои шоистаи Гулчеҳра Саъдуллоева ва Шараф Халилов ёдовар шуда, зикр кард, ки фаъолияти тӯлонии онҳо дар вазифаҳои хизмати давлатӣ намунаи садоқат ба Ватан, масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва хизмати софдилона ба халқу давлат мебошад. Таҷрибаи корӣ ва роҳи тайкардаи онҳо барои насли ҷавони имрӯз метавонад ҳамчун мактаби ибрат хизмат намояд.
Дар идомаи чорабинӣ раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат Абдушукур Хокирозода ва дигар иштирокчиён суханронӣ намуда, соҳибҷашнҳоро ба муносибати ин санаи фархунда табрик карданд. Суханварон аз рӯзҳои пурпечутоби солҳои гузашта, фаъолияти пурмасъулияти соҳибҷашнҳо ва саҳми онҳо дар пешбурди корҳои давлатӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки таҷрибаи собиқадорон барои тарбияи насли ҷавон ва таҳкими эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ аҳамияти хос дорад.
Қайд гардид, ки солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои мардуми кишвар давраи басо душвор ва пурмасъулият ба ҳисоб мерафт. Дар чунин шароит хизмат ба давлату миллат, ҳифзи манфиатҳои мардум ва саҳм гузоштан дар ташаккули сохторҳои давлатӣ аз ҳар як корманд масъулияти баланд ва фидокориро талаб мекард.
Дар рафти чорабинӣ соҳибҷашнҳо низ бо самимият аз рӯзҳои сипаригашта, фаъолияти меҳнатӣ, солҳои аввали давлатдории Тоҷикистон ва мушкилоти он давра ёдовар шуданд. Онҳо изҳор доштанд, ки имрӯз аз суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ, рушди кишвар ва шароити созандае, ки дар ҷомеа фароҳам омадааст, шукргузоранд.
Гуфта шуд, ки маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат имрӯз Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор қарор дошта, барои зиндагии шоистаи мардум ва фаъолияти самараноки насли ҷавон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба муносибати хизматҳои тӯлонӣ ва фаъолияти содиқона дар вазифаҳои хизмати давлатӣ ба Гулчеҳра Саъдуллоева ва Шараф Халилов Номаи Арзи Сипос ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Чорабинии мазкур дар фазои самимиву идона баргузор гардида, бори дигар собит намуд, ки арҷгузорӣ ба заҳмати собиқадорон, омӯзиши таҷрибаи онҳо ва эҳтироми шахсиятҳое, ки барои пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 12
Смотреть статистику

87

6

15

Leave a Reply

Back to top button