
Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди кишвар ва хизматҳои шоён дар назди давлату миллат бо мукофоти олии давлатӣ — ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2 сарфароз гардиданд.
Ин қадршиносии олии давлатӣ нишони эътирофи хизматҳои шоён, фаъолияти пурсамар, заҳматҳои содиқона ва саҳми арзандаи муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ободониву созандагӣ, пешрафти вилояти Суғд ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода дар фаъолияти роҳбарии худ бо такя ба сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайрави асили сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва таҳкими рушди устувори вилояти Суғд саҳми арзанда мегузоранд.
Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва мардуми сарбаланди ноҳияи Айнӣ Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати ин мукофоти баланди давлатӣ самимона табрик намуда, ба эшон пеш аз ҳама саломатии комил, умри дароз, иқболи нек, неруи тоза, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти минбаъдаи роҳбарӣ барору комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоем.
Мо ин қадршиносии олии давлатиро нишони эътимоду эҳтироми роҳбарияти олии мамлакат ба фаъолияти созанда, садоқат ба Ватан ва хизматҳои шоёни муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода арзёбӣ менамоем.
Бовар дорем, ки ин мукофоти арзандаи давлатӣ барои идомаи корҳои созандаву бунёдкорона, татбиқи ҳадафҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, таҳкими рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд, ободии шаҳру ноҳияҳо ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ барои аҳолӣ неруи тоза мебахшад.
Бо таманниёти самимии сиҳатмандиву саодат, умри пурбаракат ва комёбиҳои нави меҳнатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва мардуми ноҳияи Айнӣ

Смотреть статистику
151
24
6









