
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ободонии маҳал, беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии сокинон дар самти ҳифзи табиат дар ноҳияи Айнӣ шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Шанбегӣ таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ва бо иштироки васеи кормандони мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, соҳибкорон ва сокинони ноҳия таҳти шиори «Тозагиву озодагӣ мароми мост!» доир шуд.
Дар доираи шанбегӣ кормандону сокинон корҳои ободониву созандагиро дар қитъаҳои гуногуни ноҳия ба роҳ монда, атрофи Шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ, шафати роҳҳои Айнӣ–Мастчоҳи Кӯҳӣ ва Айнӣ–Панҷакент, назди биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ, ошхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, кӯчаю паскӯчаҳо ва гирду атрофи хонаҳои истиқоматиро аз партовҳо тоза намуданд.
Зимни баргузории корҳои ободонӣ ба тоза кардани роҳҳо, ҷӯйборҳо ва қитъаҳои назди муассисаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, партовҳои ҷамъшуда ба ҷойҳои муайяншуда интиқол дода шуданд. Ҳамзамон, барои беҳтар намудани намуди зоҳирии муҳити атроф ва нигоҳубини фазои сабз дарахтони назди биноҳо сафед карда шуданд.
Шанбегии дастаҷамъона дар ноҳияи Айнӣ танҳо як иқдоми тозакорӣ набуда, балки намунаи ҳамбастагӣ ва саҳмгузории сокинон дар ободии маҳалли зист ба шумор меравад. Зеро тозагӣ ва ободии ҳар як кӯча, маҳалла ва деҳа пеш аз ҳама аз муносибати масъулиятноки сокинон ба муҳити зист вобаста аст.
Дар рафти шанбегӣ таъкид гардид, ки ҳифзи муҳити зист, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаҳо, роҳҳо, гулгаштҳо ва ҳудуди назди муассисаҳо бояд ба як фарҳанги доимии зиндагии ҳаррӯза табдил ёбад. Дар ин самт саҳми ҳар як сокин муҳим буда, риояи қоидаҳои санитарӣ ва муносибати эҳтиёткорона ба табиат вазифаи шаҳрвандии ҳар як шахс мебошад.
Бо баргузории чунин корҳои дастаҷамъона дар ноҳияи Айнӣ тадбирҳои ободониву созандагӣ вусъат гирифта, барои боз ҳам зебо, тоза ва сабзу хуррам гардонидани муҳити зист замина фароҳам оварда мешавад.
Тозагӣ — оинаи фарҳанги ҷомеа ва ободонӣ — нишонаи муҳаббат ба диёр аст. Аз ин рӯ, идомаи чунин иқдомҳои созанда метавонад дар ташаккули фарҳанги экологӣ, ҳифзи табиат ва нигоҳдории симои зебои ноҳияи Айнӣ нақши муҳим гузорад.
Показать меньше









