
Муҳтарам омӯзгорону устодон!
Муҳтарам падару модарон!
Хонандагони азиз!
Пеш аз ҳама, ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми мардуми сарбаланди ноҳияи Айнӣро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози соли нави таҳсил, Рӯзи Дониш, самимона табрик менамоям.
Рӯзи Дониш барои ҳар як ҷомеаи соҳибмаърифат рӯзи муҳим ва рамзи оғози марҳилаи нави донишандӯзӣ, худшиносӣ ва созандагӣ мебошад. Зеро пешрафти ҳар давлат пеш аз ҳама ба сатҳи маърифат, дониш, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи насли наврас вобаста аст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайваста рушд карда, барои таълиму тарбияи насли наврас имкониятҳои бештар фароҳам оварда шудаанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали давлатдории миллӣ ба рушди маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, беҳтар намудани шароити таҳсил ва тарбияи насли соҳибмаърифат таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид менамоянд, ки ояндаи давлат ва миллат аз сатҳи дониш ва маърифати ҷавонон вобастагии мустақим дорад.
Имрӯз мо метавонем бо қаноатмандӣ таъкид намоем, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ низ соҳаи маориф ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст. Дар баробари бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ, ба масъалаи рушди муассисаҳои томактабӣ, фароҳам овардани муҳити муносиб барои донишандӯзӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва дастгирии омӯзгорону хонандагони болаёқат таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад.
Агар солҳои қаблӣ дар ноҳия 8 муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд, имрӯз шумораи онҳо ба 2 муассиса расида, сохтмони онҳо низ оғоз гардидааст. Ин нишон медиҳад, ки масъалаи таъмини муҳити бехатару муносиб барои таълиму тарбияи фарзандони мо зери таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳияи Айнӣ 48 иншооти соҳаи маориф сохта ба истифода дода шудааст. Ин рақам танҳо шумораи биноҳо нест. Ҳар як муассисаи нав — имконияти нави таҳсил, ҳар як синфхонаи нав — қадаме ба сӯи ояндаи беҳтар ва ҳар як кӯдаки ба таълиму тарбия фарогирифташуда — сармояи маънавии миллат мебошад.
Дар самти таҳсилоти томактабӣ низ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Танҳо дар ду соли охир 8 кӯдакистон ба истифода дода шуда, барои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Яке аз дастовардҳои муҳими соли ҷорӣ ба истифода додани як қатор иншооти нави соҳаи маориф мебошад. Аз ҷумла, 7 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Айнӣ 10 иншооти нав бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт, ки дар байни онҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ низ ҷой доранд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаҳои нави томактабӣ дар деҳаҳои Такфон, Лоҳути, Урметан ва дигар маҳалҳо садҳо кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Махсусан, ба истифода додани ду муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 700 хонанда қадами муҳим дар роҳи беҳтар намудани шароити таълим ба ҳисоб меравад. Дар муассисаҳои нав барои хонандагон муҳити муосир ва муносиб барои донишандӯзӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон, корҳои созандагӣ идома доранд. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадм сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 оғоз гардид. Муассисаи мазкур барои 700 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 16 синфхона, китобхона, озмоишгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ хоҳад буд.
Ин ҳама далели равшани он аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар баробари бунёди иншооти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ба ояндаи фарзандони мо — ба мактаб, дониш ва тарбия низ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Муҳтарам омӯзгорон!
Дар ин пешрафтҳо саҳми шумо — омӯзгорони фидокор ва соҳибкасб — хеле бузург аст. Зеро мактаб танҳо бино нест. Мактаб пеш аз ҳама омӯзгор аст. Агар бино шароити таълимро фароҳам оварад, маҳз омӯзгор ба ин муҳит маъно мебахшад, ба хонанда дониш меомӯзонад, ҷаҳонбинии ӯро ташаккул медиҳад ва дар қалби ӯ ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносиро бедор мекунад.
Имрӯз аз омӯзгор танҳо додани дониш талаб карда намешавад. Ҷомеаи муосир аз омӯзгор шахсияти созанда, мутахассиси эҷодкор ва роҳнамои маънавии насли навро интизор аст. Омӯзгори имрӯз бояд ба хонанда на танҳо ҷавоби саволро диҳад, балки ӯро ба андешидан, ҷустуҷӯ кардан, омӯхтан ва кашф намудани имкониятҳои худ раҳнамоӣ намояд.
Дар замони рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ мо бояд кӯдакони худро ба донишҳои муосир, технология, забономӯзӣ, илмҳои дақиқ ва тафаккури эҷодӣ бештар ҷалб намоем. Дастовардҳои хонандагони Тоҷикистон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки насли нави мо метавонад дар баробари ҳамсолони худ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон рақобат намояд. Масалан, соли 2026 хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» соҳиби 11 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Аз ин рӯ, вазифаи мо дар ноҳияи Айнӣ низ аз он иборат аст, ки истеъдодҳои ҷавонро сари вақт дарёфт намуда, онҳоро дастгирӣ кунем ва барои рушди қобилияти илмӣ, техникӣ, эҷодӣ ва варзишии онҳо шароити зарурӣ муҳайё созем.
Падару модарони муҳтарам!
Таълиму тарбияи фарзанд танҳо вазифаи мактаб нест. Мактаб ва оила бояд дар ин масъала ҳамкор ва ҳамқадам бошанд. Агар дар мактаб ба кӯдак дониш омӯзонанд, дар оила асосҳои ахлоқ, фарҳанги муошират, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ташаккул меёбад.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба таҳсилу тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, онҳоро ба китобхонӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илм, технология, варзиш, меҳнат ва корҳои созанда ҷалб намоед.
Дар баробари ин, назорати дурусти истифодаи телефони мобилӣ ва интернет, донистани муҳити иҷтимоӣ ва доираи дӯстони фарзанд, таваҷҷуҳ ба рафтору ахлоқи онҳо ва ҳифзи онҳо аз таъсири манфии муҳити маҷозӣ вазифаи муҳими ҳар як падару модар мебошад.
Хонандагони азиз!
Шумо соҳиби имкониятҳои бузург ҳастед. Имрӯз барои шумо мактабҳои нав, синфхонаҳои муҷаҳҳаз, китобхонаҳо, озмоишгоҳҳо, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда мешаванд. Аммо ҳамаи ин имкониятҳо танҳо дар сурате самара медиҳанд, ки шумо аз онҳо дуруст истифода баред.
Кӯшиш кунед, ки хуб хонед, китоб мутолиа намоед, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосирро омӯзед, ба варзиш машғул шавед ва дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона иштирок намоед.
Шумо насли фардои Тоҷикистон ҳастед. Обрӯи ноҳияи Айнӣ ва Ватани азизамонро дар оянда маҳз шумо бо дониш, меҳнат, рафтори шоиста ва дастовардҳои худ баланд мебардоред.
Аз шумо, омӯзгорон ва хонандагони азиз, инчунин эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки муассисаҳои таълимии наву замонавиро ҳамчун моли худ эҳтиёт намуда, тозаву обод нигоҳ доред. Зеро ин мактабҳо барои шумо ва наслҳои оянда сохта шудаанд.
Дастовардҳои соҳаи маориф дар ноҳияи Айнӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ моро водор месозанд, ки ба оянда бо эътимоди бештар назар кунем. Аммо мо набояд бо дастовардҳои бадастомада маҳдуд шавем. Дар назди мо вазифаҳои боз ҳам бузургтар — баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар намудани натиҷаҳои хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо, рушди таълими касбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва омода намудани насли рақобатпазир қарор доранд.
Мо итминон дорем, ки бо дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат, заҳмати содиқонаи омӯзгорон, ҳамкории муассири мактабу оила ва масъулияти худи хонандагон соҳаи маорифи ноҳияи Айнӣ дар солҳои минбаъда низ ба дастовардҳои бештар ноил мегардад.
Бигзор ҳар як мактаби ноҳия маркази дониш, маърифат, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ бошад!
Бигзор ҳар як омӯзгор бо меҳнати содиқонаи худ дар тарбияи насли соҳибмаърифат саҳми арзанда гузорад!
Бигзор ҳар як хонандаи ноҳияи Айнӣ бо дониш, одоби нек ва дастовардҳои худ номи Ватани азизамон — Тоҷикистонро баланд бардорад!
Бори дигар ҳамаи шумо — омӯзгорону устодон, падару модарон, хонандагон ва тамоми мардуми сарбаланди ноҳияи Айниро ба муносибати Рӯзи Дониш, оғози соли нави таҳсил ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Ба ҳар яки шумо саломатии комил, рӯзгори обод, хушбахтӣ, барору комёбӣ ва ба омӯзгорону хонандагони азиз дар соли нави таҳсил дастовардҳои бузург орзу менамоям.
Рӯзи Дониш муборак бошад!
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Бигзор мактаби мо — чароғи маърифат ва дониш, ва фарзандони мо — ифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд!

Смотреть статистику
152
7
12










