Хабарҳои руз

ИЗҲОРИ СИПОС ВА МИННАТДОРӢ

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо медали ҷашнии «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.
Ин қадршиносии арзанда нишони эътирофи саҳми назарраси роҳбарияти ноҳия ва сокинони сарбаланду заҳматпешаи ноҳияи Айнӣ дар роҳи созандагиву ободонӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва пешрафти ноҳия мебошад.
Ба раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ва дар симои ӯ ба тамоми мардуми сарбаланду меҳнатдӯсти ноҳия ин дастоварди арзандаро самимона муборакбод гуфта, ба ҳамаи онҳо дар роҳи ободии ноҳия, рушди бештари он ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз комёбиҳои нав ба нав орзу менамоем.
Мардуми ноҳияи Айнӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ нисбат ба рушди ноҳия самимона сипосу миннатдорӣ баён намуда, ин ғамхориҳоро бо меҳнати содиқона, ташаббусҳои созанда ва саҳми арзанда дар ободии Ватан посух хоҳанд дод.
Бо итминон метавон гуфт, ки ин қадршиносӣ барои роҳбарияти ноҳия ва тамоми сокинони Айнӣ неруи тоза бахшида, онҳоро ба корҳои боз ҳам бештари созандагиву ободонӣ ҳидоят хоҳад кард.
Истиқлоли давлатӣ поянда, Ватани маҳбубамон ободу пешрафта ва мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамеша сарфарозу хушбахт бошанд!
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Возможно, это изображение текст
Смотреть статистику

591

223

43

Leave a Reply

Back to top button