
Ҳамасола 1-уми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил бо баргузории чорабиниҳои тантанавӣ таҷлил мегардад. Ин сана барои аҳли маориф, омӯзгорон, хонандагон ва падару модарон аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими сол ба ҳисоб рафта, оғози марҳилаи нави донишандӯзӣ, худшиносӣ ва созандагии насли наврас маҳсуб меёбад.
Дар робита ба ин санаи муҳим ва дар доираи тадбирҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-и ноҳияи Айнӣ, ки ба номи Олмуҳаммад Зоҳидов гузошта шудааст, маросими бошукӯҳи ифтитоҳи соли нави таҳсил баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, ходими давлатӣ ва собиқадори меҳнат Абдуфаттоҳ Шарифзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, омӯзгорону хонандагон, фарзандони марҳум Олмуҳаммад Зоҳидов ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, ба фазои идонаи ин рӯйдоди муҳими маърифатӣ ҳусни оғоз бахшид.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 ба номи Олмуҳаммад Зоҳидов пас аз таъмиру таҷдиди капиталӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва бо дастгирии фарзандони марҳум Олмуҳаммад Зоҳидов мавриди истифода қарор дода шуд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аҳли маориф, омӯзгорон, хонандагон ва сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи дониш, оғози соли нави таҳсил ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
Зимни суханронӣ раиси ноҳия таъкид кард, ки Рӯзи дониш барои ҳар як ҷомеаи соҳибмаърифат рӯзи муҳим ва рамзи оғози марҳилаи нави донишандӯзӣ, худшиносӣ ва созандагӣ мебошад. Зеро пешрафти ҳар давлат пеш аз ҳама ба сатҳи маърифат, дониш, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи насли наврас вобастагии мустақим дорад.
Равшан Раҳимзода зикр намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайваста рушд карда, барои таълиму тарбияи насли наврас имкониятҳои бештар фароҳам оварда шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали давлатдории миллӣ ба рушди маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, беҳтар намудани шароити таҳсил ва тарбияи насли соҳибмаърифат таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.
Таъкид гардид, ки имрӯз бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи баланд бо шароити муосир таъмин гардида, вазифаи омӯзгорону хонандагон истифодаи самараноки ин имкониятҳо ва талош барои баланд бардоштани сифати таълиму дониш мебошад.
Дар идомаи суханронӣ раиси ноҳия оид ба рушди соҳаи маориф дар ноҳияи Айнӣ маълумот дода, иброз дошт, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ маорифи ноҳия ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст.
Ӯ таъкид намуд, ки агар солҳои қаблӣ дар ноҳия 8 муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта бошанд, имрӯз шумораи чунин муассисаҳо ба 2 адад расида, сохтмони онҳо низ оғоз гардидааст. Танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳияи Айнӣ 48 иншооти соҳаи маориф сохта ба истифода дода шудааст.
Дар самти таҳсилоти томактабӣ низ корҳои назаррас анҷом ёфта, танҳо дар ду соли охир 8 кӯдакистон ба истифода дода шудааст. Ҳамзамон, 7 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Айнӣ 10 иншооти нави соҳаи маориф бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт, ки дар байни онҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ низ ҷой доранд.
Дар идомаи суханронӣ саҳми омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас махсус таъкид гардид.
Раиси ноҳия омӯзгоронро даъват намуд, ки дар баробари таълими донишҳои муосир, ба рушди ҷаҳонбинӣ, тафаккури эҷодӣ, забономӯзӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва ташаккули ҳисси ватандӯстии хонандагон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Ҳамзамон, раиси ноҳия аз хонандагон даъват ба амал овард, ки аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода намуда, китоб мутолиа кунанд, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосирро омӯзанд, ба илм, варзиш ва корҳои созанда таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона ширкат варзанд.
Дар идомаи чорабинӣ ходими давлатӣ ва собиқадори меҳнат Абдуфаттоҳ Шарифзода баромад намуда, аз хотираҳои даврони кӯдакӣ, нақши омӯзгор дар зиндагии инсон ва ҷойгоҳи дониш дар роҳи расидан ба қуллаҳои баланди зиндагӣ ёдовар шуд.
Абдуфаттоҳ Шарифзода зимни суханронии худ таъкид намуд, ки ҳар дастоварде, ки инсон дар зиндагӣ ба он ноил мегардад, аз остонаи мактаб ва заҳмати омӯзгор оғоз меёбад. Ба гуфтаи ӯ, омӯзгор дар ташаккули шахсияти инсон нақши калидӣ дошта, меҳру муҳаббат ба илму дониш, Ватан ва арзишҳои миллӣ маҳз аз муҳити мактаб оғоз мегардад.
Ӯ хонандагонро ба қадршиносии омӯзгорон, китобхонӣ, меҳнатдӯстӣ ва истифодаи дурусти имкониятҳои фароҳамгардида даъват намуда, иброз дошт, ки имрӯз ҷавонон барои таҳсил ва рушди қобилиятҳои худ имкониятҳои фаровон доранд ва бояд бо дониш, одоби нек ва меҳнати софдилона ба эътимоди давлату ҷомеа сазовор бошанд.
Сипас фарзанди марҳум Олмуҳаммад Зоҳидов — шоир Субҳия Зоҳидова суханронӣ намуда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ барои таваҷҷуҳ ва дастгирӣ дар таъмиру таҷдиди муассисаи таълимие, ки номи падари ӯро дорад, изҳори сипос намуд.
Субҳия Зоҳидова зикр кард, ки барои ҳар як фарзанд азизтарин хотираҳо бо номи падару модар ва мактаби зодгоҳ пайванд доранд. Ба таъкиди ӯ, ба номи Олмуҳаммад Зоҳидов гузоштани муассисаи таълимӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани он пас аз таъмиру таҷдиди куллӣ барои аҳли оила ва пайвандони марҳум боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад.
Шоира иброз дошт, ки падари онҳо ҳамеша ба илму маърифат, китобу дониш ва тарбияи дурусти насли наврас арҷ мегузошт ва имрӯз ободу зебо гардидани ин муассиса ва фароҳам омадани шароити муносиб барои таҳсили фарзандони деҳа беҳтарин арҷгузорӣ ба хотираи неки ӯ мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ занги аввал садо дода, он ҳамчун рамзи оғози расмии соли нави таҳсили 2026–2027 пазируфта шуд.
Пас аз анҷоми маросими тантанавӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ва меҳмонон аз синфхонаҳои муассиса боздид намуда, бо шароити таълимӣ шинос шуданд. Зимни суҳбат бо омӯзгорону хонандагон ба онҳо дар роҳи донишандӯзӣ, интихоби дурусти касб ва фаъолияти минбаъдаи таълимиву эҷодӣ муваффақиятҳои нав орзу карда шуд.
Раиси ноҳия дар анҷом хонандагонро бори дигар ба таҳсили хубу аъло, эҳтироми омӯзгорон, китобхонӣ ва иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ даъват намуда, таъкид кард, ки беҳтарин посух ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат ба даст овардани донишҳои муосир ва нишон додани натиҷаҳои шоиста мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ шахсони ободкору бунёдкор бо Арзи Сипоси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ қадрдонӣ шуданд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 35
Смотреть статистику
148
7
50









