
Дар ноҳияи Айнӣ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза гирифта, дар доираи ин ташаббус даҳҳо иншооти таъиноти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ҳамаи ин тадбирҳо ба ободонии маҳал, рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона гардидаанд.
Дар доираи корҳои созандагӣ ва бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Дижики Ҷамоати деҳоти Фондарё осиёби обӣ ва маҷмааи хизматрасонии муосир ба истифода дода шуд. Маҷмааи мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳми соҳибкори ватанӣ Икромҷон Камолов бунёд гардида, ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби хизматрасонӣ дар масири роҳи мошингарди самти Искандаркӯл табдил ёфта истодааст.
Иншооти мазкур аз нигоҳи мавқеи ҷуғрофӣ ва имкониятҳои рушди сайёҳӣ мавқеи мусоид дошта, дар канори роҳи мошингарди самти Искандаркӯл ҷойгир мебошад. Ҷойгиршавии он дар наздикии дарё, муҳити зебои табиӣ ва манзараҳои нотакрори кӯҳистонӣ барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои истироҳату таваққуфи мусофирон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Дар доираи лоиҳа сохтмони катҳо ва ҷойҳои истироҳатӣ дар соҳили дарё, осиёби обӣ, нонвойхона, мағозаи калон, маркази савдо, нуқтаҳои хӯрокворӣ ва фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан пешбинӣ гардида, қисме аз онҳо аллакай мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Айни замон дар ҳудуди маҷмаа 7 адад айвончаҳои истироҳатии наздисоҳилӣ бунёд гардида, барои истироҳати сокинон ва меҳмонон хизмат мерасонанд. Ин ҷойҳои истироҳатӣ бо назардошти муҳити табиии мавзеъ бунёд гардида, ба сайёҳон ва мусофирон имконият медиҳанд, ки дар фазои орому зебои дараи Искандаркӯл истироҳат намуда, аз табиати нотакрори кӯҳистони Фон баҳра баранд.
Яке аз қисматҳои ҷолиби маҷмаа осиёби обӣ ба ҳисоб меравад. Осиёби мазкур пурра омода гардида, фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Дар он айни замон дар як шабонарӯз ду халта орд коркард гардида, аз орди истеҳсолшуда нони гарм ва хушсифат омода карда мешавад. Истифодаи неруи об барои фаъолияти осиёб на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок буда, балки ҳамчун намунаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиии маҳаллӣ низ арзиши хос дорад.
Маҳсулоти аз осиёби обӣ истеҳсолшаванда бо истифода аз орди аз ҷиҳати экологӣ тоза омода гардида, барои сокинони минтақа, меҳмонон ва сайёҳоне, ки аз ин масир истифода мебаранд, пешниҳод карда мешавад. Мавҷудияти чунин имконият дар маҷмаа ба рушди хизматрасонии сайёҳӣ ва муаррифии маҳсулоти маҳаллӣ мусоидат менамояд.
Дар ҳудуди маҷмаа ҳамчунин ҳавзи моҳипарварӣ фаъолият дошта, ҳамчун яке аз самтҳои иловагии фаъолияти иншоот ба ҳисоб меравад. Моҳипарварӣ дар ин мавзеъ барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои табиии маҳаллӣ ва пешниҳоди маҳсулоти тару тоза ба сокинону меҳмонон замина фароҳам меорад. Дар оянда бо тавсеаи фаъолияти ҳавзи моҳипарварӣ имкониятҳои хизматрасонии маҷмаа боз ҳам бештар гардида, он метавонад ба яке аз бахшҳои ҷолиби инфрасохтори сайёҳии мавзеъ табдил ёбад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид аз фаъолияти осиёби обӣ, ҳавзи моҳипарварӣ ва дигар бахшҳои маҷмааи хизматрасонӣ бо раванди корҳои анҷомдодашуда шинос шуда, ба иқдоми соҳибкор баҳои баланд дод.
Таъкид гардид, ки рушди соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани инфрасохтори муосири хизматрасонӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти имкониятҳои бузурги табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ, бунёди чунин иншоот метавонад барои ҷалби бештари сайёҳон, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва рушди соҳибкорӣ дар маҳал нақши муҳим гузорад.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо масъулин ва соҳибкор таъкид намуд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, риояи меъёрҳои хизматрасонӣ, таъмини сифати маҳсулот ва фароҳам овардани шароити муносиб барои истироҳати сайёҳон бояд дар мадди аввал қарор дошта бошад.
Қайд гардид, ки мавқеи ҷойгиршавии маҷмаа дар яке аз масирҳои серҳаракат ба самти Искандаркӯл барои рушди минбаъдаи он имкониятҳои мусоид фароҳам меорад. Дар сурати васеъ намудани доираи хизматрасониҳо, беҳтар кардани сифати маҳсулот ва роҳандозии хизматрасонии сатҳи баланд, ин мавзеъ метавонад ба як нуқтаи муҳими истироҳатӣ ва таваққуфи сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил ёбад.
Дар идомаи боздид раиси ноҳия аз соҳибкорон даъват намуд, ки дар корҳои созандагию ободонӣ фаъолона иштирок намуда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия саҳми арзанда гузоранд. Зеро ташаббусҳои соҳибкорӣ дар самти бунёди иншооти хизматрасонӣ, рушди истеҳсолот ва сайёҳӣ на танҳо ба ободии маҳал, балки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Сокинони деҳаи Дижик низ аз бунёд ва фаъолияти маҷмааи мазкур истиқбол намуда, иброз медоранд, ки таъсиси чунин иншоот дар масири Искандаркӯл барои рушди сайёҳӣ, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави шуғл барои аҳолии маҳаллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Бо дарназардошти мавҷудияти осиёби обӣ, нонвойхона, нуқтаҳои савдо ва хӯрокворӣ, айвончаҳои истироҳатии наздисоҳилӣ ва ҳавзи моҳипарварӣ, маҷмааи мазкур метавонад дар оянда доираи хизматрасониҳои худро боз ҳам васеъ намуда, ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ дар дараи Искандаркӯл табдил ёбад.
Бунёд ва ба истифода додани чунин иншоот далели он аст, ки дар ноҳияи Айнӣ дар заминаи татбиқи сиёсати созандагиву ободкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳибкории ватанӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои пешрафти соҳаҳои иқтисод, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ









