
2 сентябри соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия Раиси ноҳияи Айнӣ, Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Равшан Раҳимзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, имомони масҷидҳо ва сархатиби ноҳия, директорони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони сохторҳои дахлдор ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода баргузор гардида, пас аз ифтитоҳи он ҳайати иҷлосия ва рӯзномаи ҷаласа тасдиқ карда шуд.
Зимни иҷлосия як қатор масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва марбут ба рушди минбаъдаи ноҳияи Айнӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, масъалаи «Дар бораи иҷрои Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2026–2030» баррасӣ гардид.
Зикр карда шуд, ки татбиқи босамари сиёсати идоракунии рушди маҳал яке аз омилҳои муҳими таъмин намудани рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои давлатӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, ба зарурати тақвияти ҳамкории сохторҳои давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, масъулини соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои пешбинигардида таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар идомаи иҷлосия ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ шунида шуд.
Зимни баррасии масъала таъкид гардид, ки таъмини волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ ба шумор меравад.
Дар муҳокима ба масъалаҳои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, аҳолӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ пешниҳодҳои мушаххас баён гардиданд.
Масъалаи дигари рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ аз ҳавзаи интихоботии «Сангистон», №19 — Муродзода Айём Аюб дар бораи иҷрои ваколати вакилиаш буд.
Дар ҳисобот фаъолияти вакил дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, робита бо интихобкунандагон, баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва масъалаҳои марбут ба рушди маҳал мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқ зимни муҳокима зарурати таҳкими робитаи доимии вакилон бо интихобкунандагон, ҳалли саривақтии масъалаҳои аҳолӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳоро таъкид намуданд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаи тасдиқи қарорҳои комиссияи номзадии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, масъалаи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Айнӣ ба рӯзномаи иҷлосия ворид гардида, қарорҳое, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод гардида буданд, баррасӣ ва тасдиқ шуданд.
Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия лоиҳаҳои пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати татбиқи минбаъдаи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Таъкид гардид, ки рушди инфрасохтори сохтмонӣ ва хизматрасонӣ бояд бо дарназардошти талаботи муосир, манфиатҳои аҳолӣ ва имкониятҳои рушди устувори ноҳия ба роҳ монда шавад.
Дар фарҷоми иҷлосия аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои ба рӯзнома воридгардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Ба сохторҳои масъул ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии қарорҳои қабулгардида, татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда ва назорати раванди иҷрои онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни ҷамъбасти иҷлосия таъкид намуд, ки барои татбиқи самараноки қарорҳои қабулшуда, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия, идомаи корҳои созандагию ободонӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сохторҳои дахлдор тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд.
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ, даъвати ҳафтум, бо қабули қарорҳои дахлдор аз рӯйи масъалаҳои рӯзнома кори худро ҷамъбаст намуд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше










