Хабарҳои руз

Тантанаҳои Истиқлол Маркази нави савдо ва хизматрасонӣ дар деҳаи Томин ба фаъолият оғоз кард

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Томин, яке аз маҳаллаҳои муҳими масири роҳи Айнӣ–Кӯҳистони Мастчоҳ, маркази нави савдо ва хизматрасонии «Истиқлол» сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт.
Маросими ифтитоҳи марказ бо иштироки раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, фаъолони деҳа, сокинон ва соҳибкорон баргузор гардид.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ таъкид намуд, ки бунёду ба истифода додани чунин иншооти хизматрасонӣ дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи ободиву созандагӣ ва натиҷаи татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба гуфтаи ӯ, Истиқлоли давлатӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ, рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ободонии маҳалҳо заминаи устувор фароҳам овардааст.
Маркази савдо ва хизматрасонии «Истиқлол» бо мақсади таъмини сокинон ва мусофирони масири Айнӣ–Кӯҳистони Мастчоҳ бо молу маҳсулоти зарурӣ ва хизматрасониҳои гуногун бунёд гардида, ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст.
Дар ошёнаи якуми марказ нуқтаи фурӯши таҷҳизоти маишӣ ва барқӣ фаъолият менамояд. Дар ин ҷо намудҳои гуногуни техникаи рӯзгор, аз ҷумла телевизор, яхдон, мошини ҷомашӯӣ, плитаи барқӣ ва газӣ, танӯрҳои барқӣ, чойники барқӣ, дарзмол, дастгоҳи гармидиҳии барқӣ, обгармкунак, чангкашак, микроволновка, мошини қаҳвапаз, миксер, осиёби барқӣ, тарозуи электронӣ, вентилятор ва дигар таҷҳизоти зарурии маишӣ ба фурӯш гузошта шудаанд.
Фароҳам гардидани чунин имконият ба сокинони деҳот имкон медиҳад, ки таҷҳизоти мавриди ниёзи рӯзгорро бидуни сафар ба маркази ноҳия ва шаҳрҳои дигар дар наздикии маҳалли зисти худ дастрас намоянд.
Ҳамчунин дар ҳудуди марказ нуқтаи шустушӯйи автомошинаҳо ташкил карда шудааст, ки аз рӯзи ифтитоҳи марказ ба хизматрасонии муштариён оғоз намуд. Ин хизматрасонӣ барои ронандагону мусофирони роҳи Айнӣ–Кӯҳистони Мастчоҳ, ки аз ин масир пайваста истифода мебаранд, имконияти муносиб фароҳам меорад.
Дар ошёнаи дуюми марказ ошхона ташкил гардидааст, ки барои мусофирони масири роҳи Айнӣ–Кӯҳистони Мастчоҳ пешбинӣ шуда, дар он ба шаҳрвандон хӯрокҳои гарм ва дигар хизматрасониҳои зарурӣ пешниҳод карда мешаванд. Ҳамин тариқ, мусофирон метавонанд ҳангоми сафар дар ҷойи муносиб таваққуф намуда, истироҳат ва ғизои худро дастрас намоянд.
Бо ба фаъолият оғоз намудани марказ 6 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Ин иқдом дар самти рушди соҳибкории маҳаллӣ, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва беҳтар намудани шароити иқтисодии сокинон қадами муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар идомаи маросим раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо фаъолони деҳа мулоқот намуда, онҳоро ба муносибати фарорасии ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфт.
Раиси ноҳия иброз дошт, ки маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботи пойдор дар кишвар имрӯз барои рушди босуботи тамоми шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти мамлакат имкониятҳои васеъ фароҳам омадааст. Бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати ободкориву созандагӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат вусъати тоза гирифта, деҳоти ноҳияи Айнӣ низ рӯз ба рӯз симои худро дигар намуда истодаанд.
Аз ҷумла, деҳаи Томин дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба як маҳалли ободу зебо табдил ёфта, имрӯз ба шаҳрак монанд шудааст. Танҳо дар давоми ду соли охир дар деҳа як қатор корҳои созандагиву бунёдкорӣ амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, майдончаи варзишӣ, хонаи фарҳанг, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва муассисаи томактабӣ сохта шуда, роҳи байни деҳа низ мумфарш гардид.
Иншооти навбунёди савдо ва хизматрасонӣ низ дар идомаи ҳамин корҳои ободониву созандагӣ ба ҳисоб рафта, барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ ва мусофирон замина мегузорад.
Раиси ноҳияи Айнӣ бунёд ва ба истифода додани маркази савдо ва хизматрасонии «Истиқлол»-ро муҳим арзёбӣ намуда, ба соҳибкор Арбобмансур Ҷӯраев барои саҳми арзандааш дар ободонии маҳал ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипоси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ баён кард.
Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки чунин иқдомҳо на танҳо барои мардуми деҳаи Томин, балки барои сокинони тамоми маҳалҳои кӯҳистони болооби Зарафшон, махсусан аҳолии масири роҳи Айнӣ–Кӯҳистони Мастчоҳ, аҳамияти калон доранд.
Зеро акнун сокинон метавонанд ашёи рӯзгор ва таҷҳизоти барқии заруриро дар наздикии маҳалли зисти худ дастрас намоянд. Ронандагону соҳибони воситаҳои нақлиёт имкон доранд автомашинаҳои худро дар нуқтаи махсуси шустушӯй тоза ва тамиз кунанд. Мусофирони роҳ низ метавонанд дар ошхонаи марказ таваққуф намуда, хӯроки гарм ва дигар хизматрасониҳои заруриро дастрас намоянд.
Бунёди чунин марказҳо дар деҳот яке аз намунаҳои равшани рушди соҳибкорӣ, тавсеаи хизматрасонӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад. Аз ин рӯ, мавриди истифода қарор гирифтани маркази савдо ва хизматрасонии «Истиқлол» дар арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони деҳаи Томин ва тамоми минтақаи болооби Зарафшон туҳфаи арзандаи ҷашнӣ ба шумор меравад.
Сокинони деҳа ва иштирокдорони маросим иброз доштанд, ки ободии маҳал ва бунёди иншооти нави иҷтимоиву хизматрасонӣ самараи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва фазои созандаи кишвар буда, минбаъд низ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон корҳои созандагиву ободонӣ идома хоҳанд ёфт.
Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги миллат барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ободии маҳалҳо ва таъмини зиндагии шоистаи мардум заминаи устувор фароҳам овардааст. Бунёди маркази «Истиқлол» дар деҳаи Томин низ гувоҳи равшани ҳамин пешрафту созандагиҳост.
Хадамоти матбуоти раиси ноиҳяи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 19
Смотреть статистику

164

23

19

Leave a Reply

Back to top button