Хабарҳои руз

Тантанаҳои Истиқлол дар деҳаи Путхини ноҳияи Айнӣ

Нимаи дуюми рӯзи 2 сентябри соли 2026 раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар тантанаҳои бошукӯҳи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар деҳаи Путхини Ҷамоати деҳоти Айнӣ баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ раиси ноҳия ба чанд иншооти нави хизматрасонӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла Чойхонаи миллии «Насими Путхин», мағозаи хӯрокворӣ ва хонаи Кумитаи маҳаллаи деҳа ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Чойхонаи миллии «Насими Путхин» бинои замонавӣ ва дорои шароити зарурӣ буда, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳми мардони саховатпешаи деҳа сохта ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, минбаъд ҳамчун макони муносиб барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷамъомадҳои сокинон, қабули меҳмонон ва фароғати мардум хизмат хоҳад кард.
Раиси ноҳияи Айнӣ зимни ифтитоҳи Чойхонаи миллии «Насими Путхин» ба ташаббускорон ва сокинони деҳа барои саҳми арзанда дар ободонии маҳал изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки бунёди чунин иншоот дар маҳалҳо аз нишонаҳои равшани ваҳдату ҳамдилӣ ва иштироки фаъоли мардум дар корҳои созандагӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар деҳа мағозаи хӯрокворӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини сокинон бо маҳсулоти мавриди ниёзи рӯзгор мусоидат хоҳад кард. Ба истифода додани чунин нуқтаҳои савдо дар деҳот, пеш аз ҳама, имконият фароҳам меорад, ки аҳолӣ маҳсулоти заруриро дар наздикии маҳалли зисти худ дастрас намояд.
Дар идомаи тантанаҳои ҷашнӣ хонаи Кумитаи маҳаллаи деҳа низ ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур барои ташкили вохӯриву мулоқотҳои сокинон, баррасии масъалаҳои муҳими иҷтимоии маҳал, ҳамоҳангсозии корҳои ҷамъиятӣ ва татбиқи ташаббусҳои созанда дар деҳа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар деҳаи Путхин дар баробари иншооти навбунёд, дар соли ҷорӣ як қатор корҳои ободониву созандагӣ амалӣ гардидаанд.
Аз ҷумла, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати роҳҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати сокинону воситаҳои нақлиёт корҳои сементпӯш намудани роҳи байнидеҳавӣ ба роҳ монда шуда, он қариб пурра ба анҷом расонида шудааст. Ин иқдом барои сокинони деҳа аҳамияти калон дошта, ҳаракати нақлиётро беҳтар ва робитаи байни маҳалҳоро боз ҳам осонтар менамояд.
Бо саҳми сокинони деҳа инчунин як бинои махсус барои парвариши кирмаки пилла бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шудааст. Ин ташаббус барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи маҳал ва ҷалби сокинон ба фаъолияти истеҳсолӣ мусоидат менамояд.
Корҳои ба анҷомрасида дар деҳаи Путхин нишон медиҳанд, ки сокинони маҳал бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар дар корҳои ободониву созандагӣ фаъолона иштирок намуда, барои пешрафти деҳаи худ саҳми арзанда мегузоранд.
Ҷашни Истиқлол дар деҳоти ноҳияи Айнӣ
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар тамоми деҳоти ноҳияи Айнӣ чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомат баргузор гардида истодаанд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронӣ дар назди сокинони деҳа онҳоро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, таъкид кард, ки Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, маҳз ба шарофати он Тоҷикистон роҳи мустақили рушду пешрафтро интихоб намуд.
Равшан Раҳимзода иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла дар деҳоти ноҳияи Айнӣ, корҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ амалӣ гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуда истодааст.
Раиси ноҳия таъкид сохт, ки бо дастгириву раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои гуногуни ноҳия бомаром таъмин гардида, барои ободии маҳалҳо, рушди инфрасохтор, беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ тадбирҳои пайваста амалӣ карда мешаванд.
Зикр гардид, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ ба корҳои созандагиву ободонӣ такони тоза бахшида, дар ҳамаи деҳоту маҳаллаҳои ноҳия ин ҷашни фархунда бо тантанаҳои идона, ифтитоҳи иншооти нав ва натиҷагирӣ аз дастовардҳои меҳнатӣ таҷлил мегардад.
Раиси ноҳия иброз дошт, ки иштироки бевоситаи сокинон дар корҳои ободонӣ ва саҳмгузории онҳо дар бунёди иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ далели равшани эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва муҳаббат ба Ватан мебошад.
Ӯ ҳамчунин сокинони деҳаи Путхинро даъват намуд, ки дар идомаи корҳои созандагӣ ва ободонии маҳал саҳми худро боз ҳам бештар гузошта, барои рушди минбаъдаи деҳа ва таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ талош намоянд.
Дар доираи ин чорабиниҳо ба истифода додани иншооти нави иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маишӣ ва хизматрасонӣ, татбиқи лоиҳаҳои ободонӣ, таъмиру навсозии роҳҳо ва дигар корҳои созандагӣ амалӣ гардида истодаанд.
Баргузории чунин тантанаҳо дар маҳалҳо на танҳо баёнгари эҳтироми сокинон ба арзиши муқаддаси Истиқлолияти давлатӣ, балки бозгӯкунандаи дастовардҳои меҳнатӣ ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия мебошад.
Тантанаҳои ҷашнии деҳаи Путхин низ дар фазои идона, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз соҳибистиқлоливу сулҳу суботи кишвар баргузор гардида, сокинони деҳа бо итминон изҳор доштанд, ки дар партави сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо роҳнамоии Пешвои миллат корҳои ободониву созандагӣ дар деҳа минбаъд низ вусъат хоҳанд ёфт.
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик рамзи соҳибихтиёрӣ, худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар буда, дастовардҳои имрӯзаи деҳаи Путхин ва дигар маҳалҳои ноҳияи Айнӣ низ самараи ҳамин фазои сулҳу субот ва сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 36
Смотреть статистику

136

6

8

Leave a Reply

Back to top button