Хабарҳои руз

ТАҶЛИЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Ҳамоиши идона дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корманди Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Вализода, сардори нозироти комплексии нозироти бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ №22 Қиёмиддин Давлатзода, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия доир шуд.
Зимни суханронӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода сокинони ноҳияро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид кард, ки Истиқлол барои мардуми кишвар танҳо як санаи тақвимӣ набуда, балки арзиши бузурги миллӣ, заминаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлат мебошад.
Ба гуфтаи раиси ноҳия, дар ноҳияи Айнӣ низ ин санаи муҳими таърихӣ бо натиҷаҳои мушаххаси меҳнатӣ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва рушди инфрасохтор истиқбол гирифта мешавад.
Тибқи маълумоти раиси ноҳия, дар доираи нақшаи панҷсолаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ сохтмон ва ба истифода додани 595 адад иншоот ба маблағи 178 миллиону 655 ҳазору 220 сомонӣ ва таъсиси 853 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида буд.
Аммо натиҷаҳои бадастомада аз нишондиҳандаҳои пешбинишуда зиёд мебошанд. Аз соли 2022 то ҳафт моҳи соли 2026 дар ноҳия дар маҷмӯъ 717 адад иншоот ба маблағи зиёда аз 309 миллиону 214 ҳазору 860 сомонӣ сохта ва ба истифода дода шуда, барои 1066 нафар ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамин тариқ, нақшаи умумӣ 120 фоиз иҷро гардидааст.
Ин рақамҳо танҳо нишондиҳандаи ҳаҷми сохтмон нестанд, балки аз тавсеаи имкониятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва хизматрасонии ноҳия дарак медиҳанд. Бо бунёди иншооти нав барои сокинон ҷойҳои нави корӣ фароҳам шуда, дастрасӣ ба муассисаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои гуногун беҳтар гардидааст.
Дар ин давра соҳаи саноат низ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодии ноҳия рушд ёфтааст. Аз ҷумла, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ корхонаи металлургӣ дар назди ҶСП «Талко Голд» дар мавзеи Канчочи Ҷамоати деҳоти Фондарё мавриди истифода қарор гирифт.
Корхонаи мазкур бо иқтидори истеҳсоли 5 ҳазор тонна маҳсулоти металлургӣ дар як сол фаъолият намуда, барои 200 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам меорад. Ба фаъолият оғоз намудани чунин корхона барои иқтисоди ноҳия аҳамияти муҳим дошта, дар баробари рушди истеҳсолот ба пешрафти соҳаҳои нақлиёт, хизматрасонӣ, савдо, сохтмон ва инфрасохтори иҷтимоӣ низ таъсир мерасонад.
Дар баробари рушди саноат, ба соҳаҳои иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст. Дар ноҳияи Айнӣ барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи кӯдакону наврасон як қатор муассисаҳои нави таълимӣ сохта ва ба истифода дода шудаанд.
Аз ҷумла, дар Ҷамоати шаҳраки Зарафшон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 барои 320 хонанда, дар деҳаи Фатмеви Ҷамоати деҳоти Рарз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 барои 320 хонанда сохта шудааст.
Дар самти таҳсилоти томактабӣ низ тадбирҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Дар деҳаи Урметан аввалин кӯдакистони хусусӣ барои 120 кӯдак, дар деҳаи Такфони Ҷамоати деҳоти Анзоб муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 120 кӯдак ва дар деҳаи Похути Ҷамоати деҳоти Рарз муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 80 кӯдак ба истифода дода шудаанд.
Рушди инфрасохтори варзишӣ низ яке аз самтҳои муҳими корҳои созандагӣ дар ноҳия мебошад. Дар деҳаи Ҳайронбед маҷмааи варзишӣ ва дар деҳаҳои Марғузор, Вашаб, Шаватки боло, Рарз, Пете ва шаҳраки Зарафшон шаш майдончаи муосири варзишӣ бунёд гардидаанд. Ҳамчунин, дар шаҳраки Ревад маҷмааи варзишӣ сохта ва ба истифода дода шудааст.
Таваҷҷуҳ ба рушди варзиш танҳо бо сохтмони иншоот маҳдуд нашуда, барои истифодаи самараноки онҳо низ тадбирҳо амалӣ мешаванд. То имрӯз дар 16 деҳаи ҷамоатҳои ноҳия мусобиқаҳои футбол ташкил гардида, ҳамзамон мусобиқаҳои шашка ва шоҳмот низ баргузор шуда истодаанд.
Яке аз самтҳои муҳими рушди инфрасохтори иҷтимоӣ масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва полезӣ мебошад. Дар деҳаҳои Похут, Рарз, Туда, Вешканд, Урметан, Вота, Ёвон ва Вашан сохтмони хатҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ амалӣ гардидааст.
Дар доираи ин тадбирҳо 3 пойгоҳи обкашӣ ва қубурҳои полиэтиленӣ бо қутрҳои гуногун аз 25 то 300 миллиметр дар масофаи умумии 33,16 километр насб карда шудаанд. Татбиқи ин лоиҳаҳо барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо об мусоидат намуда, ҳамзамон 18 ҷойи корӣ таъсис додааст.
Дар самти ободонии маҳал ва беҳтар намудани муҳити зист низ корҳои назаррас идома доранд. Дар шаҳраки Зарафшон Боғи фарҳангӣ ва фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ бунёд гардида, бо насби муҷассамаи шоҳи номдори тоҷик ба яке аз мавзеъҳои нави истироҳативу фарҳангии шаҳрак табдил ёфтааст.
Ҳамзамон, бунёди майдонҳои Парчами давлатӣ дар ҳудуди ноҳия ба таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.
Раиси ноҳияи Айнӣ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар марҳилаи нави рушди ноҳия танҳо зиёд намудани шумораи иншоот кофӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз масъалаи асосӣ муайян намудани сифати сохтмон, мутобиқ намудани иншоот ба муҳити атроф, риояи талаботи бехатарӣ ва истифодаи самараноки онҳо мебошад.
Дар ин замина, ба масъалаҳои шаҳрсозӣ ва меъморӣ низ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Бо назардошти хусусияти кӯҳистонии ноҳия, релефи мураккаб, маҳдуд будани заминҳои ҳамвор, ҳассосияти экологӣ ва мавҷудияти мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ҳар як лоиҳаи сохтмонӣ бояд бо дарназардошти хусусиятҳои маҳал амалӣ карда шавад.
Рушди минбаъдаи ноҳияи Айнӣ ба ташаккули муҳити муосири зиндагӣ, беҳтар намудани роҳҳои дохилӣ ва роҳравҳои пиёдагард, зиёд намудани майдони сабз, рушди боғу гулгаштҳо, такмили хизматрасониҳои коммуналӣ ва ташаккули инфрасохтори муосири сайёҳӣ равона хоҳад шуд.
Ноҳияи Айнӣ бо мавзеъҳои нодири табиӣ, аз ҷумла Искандаркӯл, кӯҳҳои Фон, водии Зарафшон, дараҳо, чашмаҳо, деҳаҳои қадима ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дорои имкониятҳои бузурги сайёҳӣ мебошад.
Ба таъкиди раиси ноҳия, рушди сайёҳӣ бояд дар ҳамоҳангӣ бо табиат ва фарҳанги маҳал сурат гирифта, ҳангоми бунёди иншооти сайёҳӣ ба ҳифзи манзараҳои табиӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Дар идомаи чорабинии идона як қатор намояндагони касбу кори гуногун барои хизмати арзанда бо медалу мукофотҳои давлатӣ, нишонҳои сарисинагӣ, сипоснома ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки аҳли ҳунар ва гурӯҳҳои эҷодӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, фазои идонаи ҳамоишро боз ҳам пуршукӯҳ гардонид.
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ дар баробари инъикоси рӯҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии сокинон, бозгӯи натиҷаҳои мушаххаси корҳои созандагӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад.
Имрӯз ноҳияи Айнӣ дар баробари ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ба марҳилаи нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, саноатӣ ва инфрасохторӣ ворид гардида, бунёди иншооти нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкорӣ, сайёҳӣ, маориф, варзиш ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ҳамчун самтҳои афзалиятнок идома доранд.
35 соли Истиқлоли давлатӣ барои ноҳияи Айнӣ низ солҳои ободонӣ, созандагӣ ва таҳкими заминаҳои рушди минбаъда ба ҳисоб рафта, дастовардҳои имрӯз заминаи мусоиди фардои боз ҳам ободу пешрафта мегарданд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 41
Смотреть статистику

105

4

16

Leave a Reply

Back to top button