Хабарҳои руз

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ, нишони сарисинагӣ, Ифтихорнома ва Сипосномаҳо баргузор гардид.
Дар маросим раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоили Вализода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ, собиқадорони меҳнат ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии шахсоне, ки бо меҳнати содиқона ва фаъолияти пурсамари худ дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободонии Ватан саҳми арзанда мегузоранд, тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар фазои тантанавӣ ба як қатор шаҳрвандони ноҳияи Айнӣ, ки бо фаъолияти самаранок ва хизмати шоистаашон дар рушди ноҳия ва кишвар саҳми назаррас гузоштаанд, мукофотҳои давлатӣ, нишони сарисинагӣ, Ифтихорнома ва Сипосномаҳо супорида шуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни супоридани мукофотҳо кормандон ва фаъолони ноҳияро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба онҳо барои меҳнати содиқона ва фаъолияти пурсамарашон изҳори сипос кард.
Ҳамчунин, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоили Вализода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муҳими миллӣ табрик намуда, ба соҳибони мукофотҳо саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои нав орзу карданд.
Қайд гардид, ки чунин қадрдонӣ нишонаи эҳтироми давлат ба меҳнати содиқона ва хизматҳои шоистаи шаҳрвандон буда, онҳоро барои фаъолияти минбаъда ва саҳми бештар дар ободии Ватан ҳавасманд менамояд.
Маросими супоридани мукофотҳо дар фазои тантанавӣ ва самимӣ баргузор гардида, иштирокдорон аҳамияти Истиқлоли давлатиро ҳамчун муҳимтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик таъкид намуданд.

Показать меньше
и ещё 74
Смотреть статистику

60

5

19

Leave a Reply

Back to top button