Без рубрики

Маркази савдои “Муҳаббат” дар ноҳияи Айнӣ ба фаъолият шурӯъ кард

Маркази савдои “Муҳаббат” дар ноҳияи Айнӣ ба фаъолият шурӯъ кард
Дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Зарафшон-1-и Ҷамоати деҳоти Зарафшони ноҳияи Айнӣ боз як Маркази савдо барои истифода ба сокинони ноҳия пешкаш карда шуд.
Маркази савдои “Муҳаббат” дар шафати Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аз ҷониби аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Матлабҷон Норов бунёд гардида, дар ошёнаи якуми бино барои мағозааҳои гуногун аз қабилӣ: мағозаҳои фурӯши маводи ғизоӣ, дорухона, ашёи рӯзғордорӣ, гӯшаи деҳқон ва дар ошёнаи ошёнаи дуюми бино ошхонаи “Шоми Сарвода”, мағозаи фурӯши либосҳои мардонаю занона ва кӯдакона ҷойгир карда шудааст.
Дар Маркази савдо зиёда аз 20 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва бо маоши хуб таъмин гардиданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ ба ташаббуси ватандӯстонаи соҳибкорӣ маҳаллӣ баҳои баланд дода, барои анҷом додани чунин иқдомҳои созанда ба хотири сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос кард.
Соҳибкор Матлабҷон Норов иброз дошт, ки дар доираи дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳибкорони ватанӣ кӯшиш бар он менамояд, ки оянда низ дар пешрафту ободии ин гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ саҳмгузор бошад.
Маркази савдои “Муҳаббат” бо санъати баланди миллию меъморӣ бунёд карда шуда, ба маркази Ҷамоати шаҳраки Зарафшон зебогии дигар зам намудааст, ки ин нишона аз татбиқи амалии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
и ещё 12
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:

10

Back to top button