Имрӯз, 7 сентябри соли 2024 дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии ҷашнӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолону сокинони ноҳия ширкат варзиданд.
Нахуст, дар толори қабули меҳмонони Қасри фарҳанг дар арафаи 33-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода бо ҳайати меҳмонон шаҳодатномаҳои таваллуди як қатор сокинони ноҳияро, ки аз ҷониби Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ба таври ройгон пешниҳод карда шуда буд, ба падару модарони кӯдакони навзод тақдим намуданд.
Сипас, дар толори маҷлисии Қасри фарҳанг бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ гирифт.
Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода зимни баромади худ зикр намуд, ки бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон ва марҳалаи тоза дар ташаккули ҳувияти миллии мо оғоз шуда, аз баракати он мардуми Тоҷикистон ба дастоварҳои беназир ноил гардиданд. Дар ин муддат, кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳо худро аз нав сохт, шохаҳои ҳокимияти давлатиро мустаҳкам намуд ва сатҳи зиндагии мардум ба маротиб боло рафт.
Бояд махсус қайд кард, ки дар ноҳияи Айнӣ бо мақсади татбиқи амалии вазифаҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва татбиқи “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат, таъмини фаъолияти бомароми корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳавӣ ва таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли рақобатпазири ватанӣ, бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мунтазам чораву тадбирҳои зарӯрӣ амалӣ намуда истодааст. Шумораи умумии коргарони корхонаҳои саноатии ноҳия ба ҳолати имрӯза 4496 нафарро ташкил дода, музди миёнаи моҳонаи коргарон бошад 5818 сомониро дар бар мегирад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2024 ба 2 миллиарду 745 миллиону 514 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 94,3 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 166,3 фоизро ташкил менамояд.
Дар чорабинии идона намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини якуми сардори Хадамоти давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Ардашер ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд –сардори шӯъбаи рушди сайёҳии МИҲД-и вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов иштирок намуда, ҳозиринро ба фарорасии 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.
Ҳамчунин, дар маҷлиси тантанавӣ як қатор кормандони кормандони касбу кори гуногун барои хизматҳои содиқона дар рушду нумуи соҳаҳои мухталифи ҷомеа бо мукофотҳои давлатӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ қарда шуданд.
Дар охир, барномаи хубу хотирмони фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён карда шуд.
и ещё 16
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Отправить
Поделиться