Субҳи имрӯз, 2-юми октябри соли 2024 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ Конференсияи XXI-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ баргузор гардид.
Дар кори Конференсия Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, Мирзозода Комил Шариф – аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, Салимов Фирдавс Носирович – муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб – вакили МНМО ҶТ ва вакилон аз ташкилотҳои ибтидоӣ ширкат варзиданд.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсия ба кори худ оғоз намуд.
Дар Конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
Дар бораи ҳисоботи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ;
Ҳисоботи комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ;
Интихоби ҳайати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ;
Интихоби Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ;
Интихоби ҳайати комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ;
Пешбарии номзадҳо ба вакилии Конференсияи XVI-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд;
Масъалаҳои ҷорӣ;
Конференсия худи ҳамин рӯз кори худро ҷамъбаст намуд.
Дар охир як қатор роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия барои гузоштани саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати ҳизбӣ, ноил гардидан ба дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ, зоҳир намудани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар фаъолияти касбӣ, иштироки фаъолона дар корҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва иҷрои ҳадафҳои Оинномаву барномавии ҳизб бо Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуда, ба як гурӯҳ ҷавонони нав ба сафи ҳизб пайваста Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
и ещё 29
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Отправить
Поделиться