Без рубрики

Ифтитоҳи бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ

Ҷиҳати иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022 №АП – 188 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ тадбирҳои судманд андешида истодаанд.
Вобаста ба ин имрӯз, 2-юми октябри соли 2024 дар деҳаи Вашани Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ як бунгоҳи саломатӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода мавриди истифода қарор дода шуд.
Бунгоҳи саломатӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Хайриявии Тоҷикистон” бунёд гардида, иборат аз чор ҳуҷраи корӣ мебошад, ки дар он 5 нафар кормандон ба кор ҷалб карда мешаванд. Бунгоҳи саломатӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Хайриявии Тоҷикистон” бо дастгоҳҳои тиббии замонавӣ аз қабили: ултрасадои рақамӣ, дастгоҳи сабти барқи дил(ЭКГ) (12 канала), кардиомонитор, кондитсионер, яхдон, мизи махсус барои ҷарроҳӣ, мизи генекологӣ ва дигар таҷҳизот барои утоқҳои корӣ таъмин карда шуд.
Раиси ноҳия намояндагони ТҶХ Тоҷикистонро барои бунёди чунин иншооти муҳим изҳори сипос намуда, миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба онҳо расонид.
и ещё 5
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится

Комментировать
Отправить
Поделиться
Back to top button