Без рубрики

Таҷлили “Рӯзи забони давлатӣ” ва “Рӯзи омӯзгорон” дар ноҳияи Айнӣ

4-уми октябри соли 2024 дар толори калони бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ” ва “Рӯзи омӯзгор” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд –мудири шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилояти Суғд Абдураҳмон Қурбониён, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Фарҳод Мукаррамзода, директорони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва асосии ноҳия, мудирони муассисаҳои томактабӣ ва дигар омӯзгорону собиқадорони соҳаи маориф ширкат варзиданд.
Нахуст, Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ба сухан баромада, гуфт, ки имрӯзҳо тамоми мардуми Тоҷикистон ду ҷашни саропо ҳастиву маъниро ҷашн мегиранд. “Рӯзи забони давлатӣ” ва “Рӯзи омӯзгорон” рӯзҳое мебошанд, ки ба хотири заминаи боэътимод гузоштанашон дар тақвияти ҳувияти миллӣ ва ояндаи давлату давлатдории тоҷикон нақши босазо доранд. Аз ин рӯ ҳамасола ин рӯзҳоро дар қатори дигар санаҳои муҳими таърихӣ ҷашн мегиранд. Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо таъкид намудаанд, ки -Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Давлату миллат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон, давлат ва миллат дар паноҳи якдигаранд.
Вақте дар бораи омӯзгор андеша мекунем, -гуфт дар идомаи суханрониаш Муқим Муродзода, -симои шахсияте ҷилвагар машавад, ки ба ҳайси ҳидоятгари роҳи рост ақлҳоро пурра, ҷилои чашмонро пурнур, забонро гӯё ва ба дилҳо равшанӣ мебахшад. Чун сифатҳои омӯзгори ҳақиқиро бармешуморем, боз ҳам пеши назар чеҳраи нуроние намудор мегардад, ки тамоми ҳаёти хешро баҳри тарбияи насли наврас сарф кардааст, то онҳо саводноку хушодоб ва ҳунарманду соҳибкасб бошанд. Аз ин рӯ, мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгони мо ҳамеша бузург арзёбӣ гардида, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи раҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ номидаанд.
Дар давоми 33-соли соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи маорифи ноҳияи Айнӣ пешравиҳои зиёде ба миён омаданд. Дар ин давра 35-адад муассисаҳои нав ва биноҳои иловагӣ барои 12 ҳазор нафар хонанда бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд.
Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдураҳмон Қурбониён ба сухан баромада, табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ” ва “Рӯзи омӯзгорон” қироат намуд.
Дар зимн, мудири шуъбаи маориф Фарҳод Мукаррамзода, котиби Шӯрои ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Абдушукур Хокирозода ва собиқадори соҳаи маориф Одинамаҳмад Ниёзқулов баромад намуда, ҳозиринро бахшида ба “Рӯзи омӯзгорон” ва “Рӯзи забони давлатӣ” ҳозиринро табрик карданд.
Ба муносибати ин ҷашнвораҳои муҳим як зумра омӯзгорон барои заҳматҳои содиқонаашон дар пешбурди фаъолияти таълимиву тарбиявӣ бо Нишони сарисинагии Аълочии маорифи Тоҷикистон, Сипосномаю Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
и ещё 8
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится

Комментировать
Отправить
Поделиться
Back to top button