
Дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар Ҷамоати деҳоти Рарз боздид ба амал овард. Зимни сафар раиси ноҳия аз як қатор иншооти иҷтимоии сохташаванда ва азнавсозишаванда дидан намуда, бо масъулин, сохтмончиён ва сокинон суҳбат орост.
Тавре иттилоъ дода шуд, бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Рарз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бунёду азнавсозии як қатор иншооти иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст. Қисме аз иншоот аллакай мавриди истифода қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар дигар иншоот мутобиқ ба нақша идома доранд.
Раиси ноҳия нахуст аз рафти сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Фатмовут ва Фатмев боздид намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин деҳаҳо мактабҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардида, баъди мавриди истифода қарор гирифтани онҳо барои хонандагон шароити беҳтари таҳсил фароҳам хоҳад шуд. Зикр гардид, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва ниёз ба синфхонаҳои иловагӣ, бунёди чунин муассисаҳо аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамчунин, раиси ноҳия аз корҳои сохтмонӣ дар деҳаи Похут дидан карда, бо ҷараёни ташкили муассисаи томактабӣ дар заминаи бинои мактаби кӯҳнаи деҳа шинос шуд. Масъулин иттилоъ доданд, ки баъди анҷоми корҳои таъмиру таҷдид барои кӯдакон шароити мусоиди таълиму тарбия муҳайё мегардад ва сокинони деҳа ба хизматрасонии муассисаи томактабӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.
Дар идомаи боздид Равшан Раҳимзода ба деҳоти Шаватки Боло сафар намуда, аз рафти сохтмон ва таъмиру таҷдиди як қатор иншооти иҷтимоӣ боздид кард. Дар ин маҳал айни замон бунёди беморхона ва таваллудхона, хонаи фарҳанг, китобхона, боғчаи кӯдакона ва майдончаи варзишӣ идома дошта, корҳои сохтмонӣ бо суръати баланд пеш бурда мешаванд. Таъкид гардид, ки чунин иншоот барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Зимни мулоқот бо фаъолон ва сокинони ҷамоат раиси ноҳия иброз дошт, ки дар доираи сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми деҳаҳои ноҳия вусъат гирифтаанд. Ӯ таъкид кард, ки ҳадафи асосӣ муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои сокинон, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ва рушди инфрасохтори деҳот мебошад.
Раиси ноҳия инчунин саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпешаро дар пешрафти корҳои ободонӣ назаррас арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки маҳз бо дастгирии чунин шахсони ватандӯст дар бисёр деҳаҳо сохтмон ва таъмири иншооти муҳим амалӣ гардида истодааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамкории мақомоти давлатӣ бо соҳибкорон ва аҳолӣ омили муҳими рушди маҳалҳо ба ҳисоб меравад.
Тибқи нақша, дар ҳамаи деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Рарз бунёди майдонча ва толорҳои варзишӣ низ идома дошта, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Дар анҷоми боздид раиси ноҳияи Айнӣ ба масъулини соҳа ва роҳбарони сохтмон супориш дод, ки сифати корҳои сохтмонӣ зери назорати ҷиддӣ қарор гирифта, ҳамаи иншооти ба нақша гирифташуда то моҳи сентябри соли ҷорӣ пурра ба истифода дода шаванд. Таъкид гардид, ки сокинони Ҷамоати деҳоти Рарз бояд ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас ва муҳити ободу зебо истиқбол гиранд.
Меньше










