Хабарҳои руз

Раиси ноҳияи Айнӣ аз раванди парвариши картошка дар Дашти Хушекат дидан намуд

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз заминҳои саҳмияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, воқеъ дар мавзеи Дашти Хушекат, дидан намуда, бо раванди парвариши картошка шинос шуд.
Зикр гардид, ки соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар заминҳои саҳмия, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Айнӣ, ба масоҳати наздики 100 сотих картошка кишт карда шудааст. Кишти мазкур дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии «Сомониён» ва «Кумарғ» ба роҳ монда шуда, айни ҳол рушди ниҳолҳои картошка хуб арзёбӣ мегардад.
Тибқи иттилоъ, бо мақсади сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил корҳои омодагӣ идома дошта, дар рӯзҳои наздик ҷамъоварии картошка оғоз карда мешавад.
Зимни боздид Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо масъулини соҳа ва шахсони мутасаддӣ суҳбат намуда, ҷиҳати таъмини ҳосили фаровон ва босифат дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки барои пешгирии паҳншавии ҳашароти зараррасон, аз ҷумла кирму жук, корҳои безараргардонӣ сари вақт ва мутобиқи талаботи агротехникӣ гузаронида шуда, заминҳо пайваста дар ҳолати зарурии намнокӣ нигоҳ дошта шаванд.
Раиси ноҳия масъулинро вазифадор намуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда нигоҳубини босифати кишти картошкаро таъмин намуда, барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар маҷмӯъ, раванди парвариши картошка дар заминҳои саҳмияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хуб ба роҳ монда шуда, интизор меравад, ки бо риояи талаботи агротехникӣ ҳосили хуб ба даст оварда шавад.

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button