Хабарҳои руз

Дар Ревади Поёни ноҳияи Айнӣ муассисаи нави таълимӣ бунёд мешавад

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз раванди бунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мавзеи Ревади Поёни Ҷамоати деҳоти Урметан боздид ба амал овард.
Дар доираи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи давлат ва бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия барои насли наврас, дар мавзеи Ревади Поёни Ҷамоати деҳоти Урметан корҳои сохтмонии муассисаи нави таълимӣ идома доранд.
Зимни боздид раиси ноҳия Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки тибқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025, соли 2026 дар кишвар «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст.
Дар ин замина, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу тарбияи фарзандони кишвар аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими созанда ба ҳисоб рафта, далели равшани таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии давлат ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии наврасону ҷавонон мебошад.
Муассисаи нави таълимӣ тибқи лоиҳаи пешниҳоднамудаи Корхонаи фаръии КВД «Лоиҳакаш» дар ноҳияи Айнӣ бунёд гардида, аз ду ошёна иборат хоҳад буд. Иншоот барои 320 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, дорои 13 синфхонаи барҳаво хоҳад буд.
Дар баробари синфхонаҳои таълимӣ, дар муассиса озмоишгоҳҳо, синфхонаҳои фаннӣ, китобхона, ошхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд мегарданд. Ҳамчунин, барои фароҳам овардани муҳити муносиби таълиму тарбия ва истироҳати хонандагон корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии ҳудуди муассиса ба нақша гирифта шудаанд.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ раиси ноҳия ба масъулон ва сохтмончиён ҷиҳати риояи меъёрҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат, иҷрои корҳо бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки ҳангоми бунёди муассиса бояд ба сифати корҳои сохтмонӣ, мустаҳкамӣ, бехатарӣ ва мутобиқати иншоот ба талаботи муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо масъулон ва сокинон иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъмини сулҳу субот ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ба соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Таъкид гардид, ки маҳз рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши насли наврас омили муҳими пешрафти ҷомеа ва рушди устувори кишвар мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ низ дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва бунёди иншооти нави соҳаи маориф тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, корҳои созандагиро пайваста идома медиҳад.
Оғози сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мавзеи Ревади Поён барои рушди иҷтимоии маҳал қадами муҳим ва созанда маҳсуб ёфта, ба таъмини дастрасии сокинон ба таҳсилоти босифат ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи фарзандон мусоидат хоҳад кард.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки дар доираи сиёсати созанда ва маорифпарваронаи давлат корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия вусъат ёфта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ барои рушди соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таъмиру азнавсозии иншооти мавҷуда ва фароҳам овардани шароити беҳтари таълиму тарбия тадбирҳои мушаххасро амалӣ хоҳад намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button