Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Ревад идома дорад

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз раванди корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳаи Ревади Ҷамоати деҳоти Урметан боздид ба амал овард.
Зимни боздид таъкид гардид, ки бунёди муассисаи мазкур дар доираи сиёсати созандаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, он аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маблағгузорӣ мегардад.
Сохтмони муассисаро ҶДММ «Асл» ба уҳда дошта, бинои нави таълимӣ барои фарогирии 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Муассиса дорои 16 синфхона буда, дар шакли бинои дуошёна бунёд мегардад.
Муассисаи нав бо дарназардошти талаботи замони муосир сохта шуда, дорои инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла низоми гармидиҳӣ, ошхона, ҳуҷраҳои маъмурию ёрирасон ва дигар иншооти хизматрасон хоҳад буд. Дар ҳудуди муассиса инчунин бунёди гулгаштҳо, майдончаҳои истироҳатӣ ва варзишӣ, кабудизоркунӣ, насби лавҳаҳои иттилоотию хотиравӣ ва дигар унсурҳои ободонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин тадбирҳо ба фароҳам овардани муҳити созгор барои таълиму тарбияи хонандагон ва баланд бардоштани сатҳи зебоию ободии муассиса мусоидат хоҳанд кард.
Айни ҳол бо ташаббуси аҳолии деҳаи Ревад ва дар шакли ҳашари дастаҷамъона корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла омодасозии саҳни муассиса, идома доранд. Дар ин корҳои хайр сокинони деҳа фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар ободии маҳали зист ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фарзандони худ мегузоранд.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо сохтмончиён ба сифати корҳои анҷомдодашаванда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ, истифодаи босифати масолеҳи сохтмонӣ, иҷрои саривақтии корҳои пешбинишуда ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ будани ҳамаи қисматҳои иншоот дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, Равшан Раҳимзода бо аҳолии деҳа суҳбат намуда, таъкид кард, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар роҳи ободии маҳал, рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзанда барои насли наврас бояд саҳми муносиб гузошт.
Зимни мулоқот ба аҳолӣ ҷиҳати идомаи корҳои ободонию созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, кабудизоркунию ниҳолшинонӣ, ободонии роҳу кӯчаҳо ва гирду атрофи муассисаҳои иҷтимоӣ тавсияҳои зарурӣ дода шуд. Раиси ноҳия аз сокинон даъват намуд, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ дар корҳои созандагӣ фаъолона иштирок намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардидани деҳа саҳм гузоранд.
Бунёди муассисаи нави таълимӣ дар деҳаи Ревад яке аз иқдомҳои муҳими иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, пас аз ба истифода додани он барои садҳо хонанда шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам хоҳад омад ва ба рушди соҳаи маориф дар Ҷамоати деҳоти Урметан мусоидати назаррас хоҳад кард.
Корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар иншоот идома дошта, масъулон вазифадор гардиданд, ки сифати корҳо ва риояи муҳлати иҷрои онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button