Хабарҳои руз

Раиси ноҳияи Айнӣ аз рафти омодасозии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш боздид кард

Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба соли нави хониш ва таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз раванди таъмиру таҷдид ва корҳои ободониву созандагӣ дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4 ва №24 боздид ба амал овард.
Зимни боздид раиси ноҳия бо рафти корҳои таъмирӣ, сатҳи омодагии синфхонаҳо, кабинетҳои фаннӣ, толорҳои варзишӣ ва дигар иншооти муассисаҳои таълимӣ шинос шуда, таъкид намуд, ки омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар муассисаҳои таълимии мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳмгузории Ассотсиатсияи волидайну омӯзгорон корҳои таъмиру таҷдид ба роҳ монда шуда, барои фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ ва беҳтар намудани шароити таҳсил тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидаанд.
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 бо ташаббус ва дастгирии шахсони саховатпеша як қатор корҳои созандагӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, саҳни муассиса бетонпӯш гардида, толори даромадгоҳ таъмир ва бо кафел оро дода шудааст. Дар қисми пушти муассиса низ майдончаи хурди варзишӣ таъмиру бетонпӯш карда шуда, барои машғулиятҳои варзишӣ ва омодагии ҳарбии наврасон таҷҳизоти зарурӣ насб ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Ҳамчунин, синфхонаҳо, кабинетҳои фаннӣ, толори варзишӣ ва дигар ҳуҷраҳои таълимӣ ба соли нави хониш пурра омода карда шудаанд. Фароҳам овардани чунин шароити мусоид ба хонандагон имкон медиҳад, ки дар муҳити созгор ба донишомӯзӣ машғул шуда, қобилияту истеъдоди худро бештар инкишоф диҳанд.
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 низ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва Ассотсиатсияи волидайну омӯзгорон корҳои таъмиру таҷдид идома доранд. Айни ҳол иваз намудани тирезаҳои муассиса пурра ба роҳ монда шуда, кабинетҳои фаннӣ, ҳуҷраи омӯзгорон ва синфхонаҳо аз таъмири асосӣ бароварда мешаванд.
Ҳамзамон, дар назди муассиса корҳои таъмиру ободонии майдончаи варзишӣ низ идома дошта, он дар марҳилаи ниҳоии омодагӣ қарор дорад. Тибқи нақша, корҳои боқимонда дар муҳлати кӯтоҳ ба анҷом расонида шуда, майдонча то таҷлили ҷашни умумимиллии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо рафти корҳои таъмирӣ ба масъулон дастур дод, ки корҳои боқимондаро босифат ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида, муассисаҳои таълимиро то оғози соли нави хониш пурра омода намоянд.
Равшан Раҳимзода бо омӯзгорони муассисаҳо суҳбати самимӣ анҷом дода, таъкид намуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, тарбияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллии хонандагон бояд дар меҳвари фаъолияти ҳар як омӯзгор қарор дошта бошад.
Раиси ноҳия аз омӯзгорон ва масъулони муассисаҳои таълимӣ даъват намуд, ки дар фаъолияти худ дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, барои тарбияи насли донишманд, ватандӯст, худогоҳ ва масъулиятшинос саҳми арзанда гузоранд.
Таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити муносиби таълиму тарбия танҳо бо таъмиру таҷдиди биноҳои таълимӣ маҳдуд намешавад. Баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи усулҳои муосири омӯзиш, таҳкими ҳамкории муассисаи таълимӣ бо волидон ва ҷалби хонандагон ба илму дониш, варзиш ва корҳои ҷамъиятӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб мераванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи давлат ва бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия минбаъд низ корҳои созандагиву ободониро дар муассисаҳои таълимӣ идома дода, барои фароҳам овардани муҳити муносибу замонавии таҳсил тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.
Корҳои анҷомдодашуда дар муассисаҳои таълимии №4 ва №24 намунаи ҳамкории мақомоти давлатӣ, омӯзгорон, падару модарон ва шахсони саховатпеша дар роҳи беҳтар намудани шароити таълиму тарбия буда, барои истиқболи сазовори соли нави хониш ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 31
Смотреть статистику

30

3

9

Leave a Reply

Back to top button