Хабарҳои руз

РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ИСТИХРОҶИ АНГИШТ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Дар ноҳияи Айнӣ ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи истихроҷи ангишт ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Ҳамасола якшанбеи охири моҳи август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи истихроҷи ангишт таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат 27 августи соли 2026 дар саҳни Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳраки Зарафшон-2-и Ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар, директори корхонаи фаръии шахтаи «Фон-Яғноб» Фирӯзбек Абдусаломзода, директори генералии КВД «Ангишти тоҷик» Сайфиддин Аслиддинзода, масъулини ҷумҳуриявию вилоятӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, собиқадорони соҳа ва кормандони корхонаҳои ангишткан иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода змни суханронии табрикии худ нахуст паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати иди касбии ангиштканон ба ҳозирин расонида, ҳамаи кормандони соҳаро самимона табрик намуд.
Зикр гардид, ки соҳаи истихроҷи ангишт барои ноҳияи Айнӣ танҳо як самти истеҳсолӣ набуда, яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди маҳаллӣ ба ҳисоб меравад. Фаъолияти корхонаҳои соҳа дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини даромади аҳолӣ, рушди саноат ва таҳкими иқтидори истеҳсолии ноҳия нақши муҳим дорад.
Боиси ифтихор аст, ки нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи ангишт дар ноҳияи Айнӣ дар соли ҷорӣ назаррас мебошанд. Ҳаҷми истихроҷи ангишт ба 1 миллиону 209 ҳазору 941,8 тонна расида, суръати афзоиш нисбат ба солҳои қаблӣ 138 фоиз-ро ташкил медиҳад.
Ноҳияи Айнӣ бо захираҳои бойи табиӣ, имкониятҳои истеҳсолӣ ва фаъолияти соҳибкорону саноатчиён ба яке аз минтақаҳои муҳими саноатии кишвар табдил ёфта истодааст. Дар ин раванд соҳаи истихроҷи ангишт мавқеи хос дошта, фаъолияти корхонаҳои соҳа сол ба сол густариш меёбад.
Айни ҳол дар ноҳияи Айнӣ шаш корхонаи фаъол дар самти истихроҷи ангишт фаъолият дошта, дар таъмини эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ ба ашёи хоми энергетикӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти ҷумҳуриявӣ ва роҳбарони корхонаҳои соҳавӣ низ суханронӣ намуда, саҳми ангиштканонро дар рушди саноат, татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ва пешрафти иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки меҳнати ангиштканон касби пурмасъулият буда, аз ҳар як корманд матонат, ҷасорат, дониш, таҷриба ва садоқати баланд ба меҳнатро талаб менамояд. Аз ин рӯ, беҳтар намудани шароити меҳнат, истифодаи технологияҳои муосир, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва сатҳи касбии мутахассисон, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва, пеш аз ҳама, таъмини бехатарии кормандон бояд аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти корхонаҳои соҳа бошад.
Зимни чорабинӣ саҳми корхонаҳои саноатӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ва рушди инфрасохтори иҷтимоии ноҳия низ таъкид гардид. Аз ҷумла, бо саҳмгузорӣ ва дастгирии Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» дар шаҳраки Зарафшон як қатор корҳои муҳими созандагӣ анҷом дода шудаанд.
Дар доираи ин иқдомҳо Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37, майдончаи варзишӣ дар назди муассисаи таълимӣ бунёд гардида, роҳи дохилии шаҳрак ба масофаи як километр мумфарш карда шуд. Иншооту корҳои мазкур бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар идомаи ҳамоиш таъкид шуд, ки чунин иқдомҳо аз масъулияти иҷтимоии корхонаҳои саноатӣ дарак дода, нишон медиҳанд, ки рушди истеҳсолот бо ободонии маҳал, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, рушди варзиш ва таҳкими инфрасохтори иҷтимоӣ ҳамоҳанг мебошад.
Имсол барои мардуми Тоҷикистон соли муҳим ва таърихӣ ба ҳисоб рафта, кишвар ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегирад. Ҳамзамон, соли 2026 ҳамчун соли «Вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» барои боз ҳам бештар намудани корҳои созандагӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Ватан замина фароҳам меорад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода изҳори итминон намуд, ки кормандони соҳаи истихроҷи ангишт минбаъд низ бо меҳнати содиқона, масъулияти баланди касбӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар рушди саноати ноҳия, афзоиши истеҳсолот ва пешрафти иқтисоди кишвар саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор кормандони фаъолу муваффақи соҳаи истихроҷи ангишт барои меҳнати содиқона ва саҳми арзанда дар рушди соҳа Сипосномаю Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Барномаи хуби консеритии Бахши фарҳанги ноҳия идомабахши рӯҳи болидаи иштирокчиён гардид.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ тамоми кормандони соҳаи истихроҷи ангишт, собиқадорони соҳа, роҳбарону мутахассисон ва муҳандисонро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик намуда, ба онҳо саломатии комил, умри дароз, рӯзгори обод, саодати оилавӣ, барори кор ва дастовардҳои нави меҳнатиро орзу намуд.
Рӯзи кормандони соҳаи истихроҷи ангишт муборак, мардони заҳмат!
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 51
Смотреть статистику

86

4

21

Leave a Reply

Back to top button