
Ангиштканони муҳтарам!
Кормандони арҷманди соҳаи истихроҷи ангишт, роҳбарон, мутахассисон, муҳандисон ва собиқадорони соҳа!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза ҳамаи Шумо — мардони заҳмат, кормандони соҳаи истихроҷи ангишт, роҳбарону мутахассисон, муҳандисон ва собиқадорони соҳаи ангиштро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи истихроҷи ангишт самимона табрик ва муборакбод менамоям.
Боиси хушнудӣ ва мояи ифтихори мардуми ноҳияи Айнӣ аст, ки имсол Рӯзи кормандони соҳаи истихроҷи ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ таҷлил мегардад.
Баргузории ин чорабинии муҳими касбӣ дар ноҳияи Айнӣ, ки яке аз минтақаҳои муҳими саноатии мамлакат маҳсуб меёбад ва дар рушди соҳаи истихроҷи ангишт саҳми назаррас дорад, барои ҳар як сокини ноҳия боиси ифтихор мебошад. Ин иқдом нишонаи таваҷҷуҳи хосса ба рушди соҳаи ангишт, арҷгузорӣ ба меҳнати пуршарафи ангиштканон ва қадршиносӣ аз саҳми онҳо дар пешрафти иқтисоди миллӣ мебошад.
Иди касбии имсола дар рӯзҳое таҷлил мегардад, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ, шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, бо натиҷаҳои назарраси меҳнативу созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд.
Ба ин муносибат, ҳамаи сокинони ноҳия, аз ҷумла кормандони соҳаи истихроҷи ангиштро ба муносибати ин ду санаи муҳиму фархунда самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатии комил, рӯзгори обод, саодати оилавӣ, неруи тоза ва дар фаъолияти касбӣ дастовардҳои нав орзу менамоям.
Соҳаи истихроҷи ангишт барои ноҳияи Айнӣ танҳо як бахши истеҳсолӣ нест. Он яке аз самтҳои муҳими иқтисоди ноҳия, заминаи рушди саноат, манбаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва яке аз омилҳои муҳими таъмини даромади аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Ноҳияи Айнӣ дорои захираҳои бойи табиӣ ва имкониятҳои бузурги истеҳсолӣ буда, бо фаъолияти босамари соҳибкорон, саноатчиён ва кормандони соҳаҳои гуногун сол ба сол ба минтақаи муҳими саноатии мамлакат табдил меёбад. Дар ин раванд нақши соҳаи истихроҷи ангишт махсусан муҳим мебошад.
Имрӯз ангишт дар таъмини эҳтиёҷоти як қатор корхонаҳои саноатӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мавқеи муҳим дошта, рушди истеҳсоли он ба таҳкими иқтидори саноатӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ мусоидат менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи ангишт дар ноҳияи Айнӣ дар соли ҷорӣ назаррас мебошанд. Ҳаҷми истихроҷи ангишт ба 1 миллиону 209 ҳазору 941,8 тонна расида, суръати афзоиш нисбат ба солҳои қаблӣ 138 фоиз-ро ташкил медиҳад.
Ин нишондиҳандаи баланд пеш аз ҳама самараи меҳнати содиқона, масъулияти баланди касбӣ, таҷрибаи ғанӣ ва заҳмати шабонарӯзии кормандони соҳа мебошад.
Дар ин самт фаъолияти Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб», ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик», ҶДММ «Вена», ҶСК «Ангишти Тахт» ва дигар корхонаҳои соҳа қобили зикр мебошад.
Маҳз меҳнати аҳлона ва фаъолияти самараноки чунин корхонаҳо ба рушди саноати ноҳия, афзоиши истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд гардидани иқтидори иқтисодии минтақа мусоидат менамояд.
Ангиштканони муҳтарам!
Касби Шумо аз ҷумлаи касбҳои пуршараф, масъулиятнок ва дар айни замон бисёр заҳматталаб мебошад. Ангишткан будан танҳо иҷрои як вазифаи истеҳсолӣ нест. Ин касб аз инсон матонату ҷасорат, иродаи қавӣ, масъулиятшиносӣ, дониш, таҷриба, малакаи касбӣ ва садоқати баланд ба меҳнатро талаб менамояд.
Шумо дар шароити мураккаби истеҳсолӣ ва бо заҳмати ҳалол сарватҳои табиии кишварро ба манфиати ҷомеа истифода мебаред. Меҳнати ҳаррӯзаи Шумо дар рушди саноат, таҳкими иқтидори истеҳсолии мамлакат ва таъмини эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ саҳми арзанда дорад.
Шумо бо меҳнати худ на танҳо маҳсулот истеҳсол мекунед, балки барои оилаҳои худ манбаи зиндагӣ муҳайё намуда, ба иқтисодиёти ноҳия ва кишвар саҳм мегузоред, ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоред ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум замина мегузоред.
Аз ин рӯ, эҳтиром ба ангишткан — эҳтиром ба меҳнати созанда, ба мардони заҳмат ва ба инсонҳое мебошад, ки бо дасту дили пок барои ободии Ватан саҳм мегузоранд.
Боиси қаноатмандист, ки фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳия, бахусус Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб», танҳо бо нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ маҳдуд намегардад.
Корхонаҳои саноатӣ дар баробари таъмини рушди истеҳсолот дар корҳои ободониву созандагӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум низ саҳми муносиб мегузоранд.
Соли ҷорӣ бо саҳмгузорӣ ва дастгирии Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» дар шаҳраки Зарафшон як қатор иншооти муҳими иҷтимоиву ҷашнӣ бунёд ва корҳои созандагӣ анҷом дода шуданд.
Аз ҷумла, Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37, майдончаи варзишӣ дар назди муассисаи таълимӣ бунёд гардида, роҳи дохилии шаҳрак ба масофаи як километр мумфарш карда шуд.
Ин иншоот ва корҳои созандагӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтанд.
Чунин иқдомҳо далели равшани он мебошанд, ки корхонаҳои саноатӣ дар баробари рушди истеҳсолот масъулияти иҷтимоии худро низ дар назди ҷомеа хуб дарк намуда, барои ободии маҳал, беҳтар намудани шароити таҳсилу тарбияи насли наврас, рушди варзиш ва таҳкими инфрасохтори иҷтимоӣ саҳми худро мегузоранд.
Мо бояд ин равандро минбаъд низ идома дода, иқтидори истеҳсолиро бо корҳои ободониву созандагӣ пайваста таъмин намоем.
Ангиштканони азиз!
Имрӯз дар назди соҳаи истихроҷи ангишт вазифаҳои муҳим ва масъулиятҳои нав қарор доранд.
Баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои табиӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, навсозии иқтидорҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон, омода намудани кадрҳои баландихтисос, беҳтар намудани шароити меҳнат ва, пеш аз ҳама, таъмини бехатарии кормандон бояд аз самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои соҳа бошад.
Зеро арзиши асосии ҳар як корхона на танҳо ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда, балки инсон — кормандест, ки бо меҳнати худ ин маҳсулотро ба вуҷуд меорад.
Аз ин рӯ, ҳифзи саломатӣ ва ҷони кормандон, риояи қатъии қоидаҳои техникаи бехатарӣ, фароҳам овардани шароити арзандаи меҳнат ва қадршиносӣ аз заҳмати кормандони соҳа бояд ҳамеша дар мадди аввал қарор дошта бошад.
Ҳамзамон, зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда истеҳсолот боз ҳам зиёд гардида, сифати маҳсулот беҳтар, хароҷоти истеҳсолӣ кам ва самаранокии иқтисодии корхонаҳо баланд бардошта шавад.
Итминон дорам, ки кормандони соҳаи истихроҷи ангишти ноҳияи Айнӣ бо истифода аз таҷрибаи бой, донишу малакаи касбӣ, масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстӣ минбаъд низ дар рушди саноати ноҳия ва таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Имсол барои мардуми Тоҷикистон соли воқеан таърихӣ мебошад. Мо бо дастовардҳои меҳнатӣ, корҳои созандагиву ободонӣ ва иқдомҳои бузург ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меравем.
Истиқлол барои миллати тоҷик арзиши бузургтарин ва неъмати муқаддас мебошад. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд.
Мо вазифадорем, ки бо меҳнати содиқона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда ба ин дастовардҳо саҳми худро гузошта, барои наслҳои оянда Тоҷикистони боз ҳам ободу пешрафта ва нерумандро ба мерос гузорем.
Ҳамзамон, соли 2026 ҳамчун соли «Вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» моро водор месозад, ки дар роҳи ободии маҳал, рушди истеҳсолот, таҳкими иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум боз ҳам бештар заҳмат кашем.
Боиси ифтихор аст, ки ангиштканони ноҳияи Айнӣ дар ин раванди бузурги созандагӣ бо меҳнати худ саҳми назаррас мегузоранд.
Боварӣ дорам, ки Шумо минбаъд низ бо меҳнати содиқона, ташаббускорӣ, масъулияти баланди касбӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда барои рушди саноати ноҳия, афзоиши истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва пешрафти иқтисоди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро хоҳед гузошт.
Ангиштканони муҳтарам!
Дар ин рӯзи фараҳбахш бори дигар ҳамаи Шумо — кормандони соҳаи истихроҷи ангишт, роҳбарону мутахассисон, муҳандисон, коргарон ва собиқадорони соҳаро ба муносибати иди касбиатон самимона табрик менамоям.
Ба ҳар яки Шумо пеш аз ҳама саломатии комил, умри дароз, неруи тоза, иродаи қавӣ, рӯзгори обод, файзу баракати хонадон, саодати оилавӣ, барори кор ва дастовардҳои нави меҳнатӣ орзу менамоям.
Бигзор меҳнати созандаи Шумо ҳамеша самарабахш бошад, фаъолияти корхонаҳо боз ҳам густариш ёбад, иқтидори истеҳсолӣ афзоиш ёфта, ҷойҳои нави корӣ зиёд гарданд.
Бигзор заҳмати пуршарафи ангиштканон ба рушди минбаъдаи ноҳияи Айнӣ, ободии шаҳру деҳот, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими иқтидори саноатии Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат намояд.
Ба ҳамаи хонадони ангиштканон сулҳу оромӣ, хушбахтӣ, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, пешрафту шукуфоӣ ва ободии ҷовидонӣ таманно дорам.
Рӯзи кормандони соҳаи истихроҷи ангишт муборак, мардони заҳмат!

Смотреть статистику
101
3
8










