Хабарҳои руз

Идомаи бунёдкориҳо дар ноҳияи Айнӣ

 

Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳияи Айнӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтан ва бо дастовардҳои арзанда таҷлил намудани ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳамасола як қатор корҳои созандагиву бунёдкорӣ анҷом дода шуда, дар заминаи он биною иншооти гуногуни ҷашнӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ сохтмони зиёда аз 595 адад иншооти таъиноташ гуногун ба нақша гирифта шуда, аз иншооти бунёдшаванда то ба имрӯз 289 адад ба истифода дода шудаанд ва корҳо дар ин самт бо маром идома доранд.

Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода субҳи имрӯз, 20-уми майи соли 2024 аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ воқеъ дар Дашти Ҳаштсари Ҷамоати деҳоти Айнӣ дидан кард.

Ёдовар мешавем, ки дар мавзеи Дашти Ҳаштсар имрӯзҳо сохтмони бинои муассисаи таълимӣ бо маром идома дорад. Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мавзеи болозикр барои 264 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, фармоишгари МТМУ №32-и деҳаи Куруд мебошад. Лоиҳаи бино аз тарафи КВД ПИТ “Сохтмон ва меъморӣ” кашида шуда, сохтмони мактабро ҶДММ “Анас муосир” ба ӯҳда гирифтааст.

Бинои муассиса бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо талаботи ба замони муосир ҷавобгӯ сохта мешавад. Масоҳати умумии қитъаи замини муассиса 1,3 гектарро ташкил хоҳад дод. Бинои таълимӣ тибқи лоиҳа аз миёнасарой, синфхонаҳои таълимию фаннӣ, китобхона, хонаи муаллимон, утоқи кории директор, анҷомхона ва нуқтаҳои санитарию беҳдоштӣ, иборат мебошад. Бино тибқи лоиҳа бо нуқтаи гармидиҳии мутамарказ пайваст карда шудааст. Дар қитъаи замини майдони сохтмонӣ тибқи лоиҳа инчунин, бинои таълимӣ, майдончаи варзишӣ, анҷомхона, ҷои партов,  дегхона, анбори ангишт, зеристгоҳи барқӣ, ҳавзи зиддисухтор ва манораи обшор пешбинӣ гардидааст.

Раиси ноҳия Муқим Муродзода ҳангоми боздид аз иншоот бо мутахассисону сохтмончиён суҳбат кард. Ба Раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки дар иншоот аллакай 50 фоизи корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Раиси ноҳия ҳангоми суҳбат бо сохтмончиён таъкид намуд, ки пеш аз ҳама ба сифати корҳо дар иншооти мазкур аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Муқим Муродзода ба сохтмончиён супориш дод, ки корҳои сохтмонии назди биноро ҳам бо маҳорати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир анҷом дода, дар назди бино гулу сабзаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан шинонанд.  Ҷашни Истиқлоли давлатӣ- гуфт Раиси ноҳия – воқеан ҳам ҷашни созандагиву ободкориҳо ва амалигардии ташаббусҳои неку самимӣ дар кишвар мебошад, ки дар заминаи он ба мардуми Тоҷикистон аз ҷониби давлату ҳукумат тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

 

Back to top button