
Дар миёни кӯҳҳои осмонбӯси водии Зарафшон, дар соҳили рӯди мусаффои Аловиддин, деҳаи зебоманзари Пасрӯд ҷойгир аст. Номи деҳа, ки аз ду қисми “пас” ва “руд” (яъне “паси дарё”) иборат мебошад, худ бозгӯйи ҷойгиршавии ҷуғрофии он аст — дар паси рӯд, дар оғӯши табиати камназири кӯҳистон.
Таърихи пайдоиш ва рушди деҳа
Бино ба маълумоти таърихӣ, Пасрӯд дар ибтидои асри XX зикр шудааст. Дар «Списки населённых мест Самаркандской области» (1906, М. М. Вирский) ин деҳа ҳамчун як нуқтаи аҳолинишини водии Фалғар сабт гардидааст. Он давра деҳа ба ҳайати волости Искандар, участкаи Панҷакент дохил мешуд ва бо номҳои “Пасрутъ” ё “Паси руд” дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ёд мешавад.
Дар давраи Шӯравӣ, мисли дигар деҳоти ноҳияи Айнӣ, Пасрӯд низ роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодиро тай намуд. Дар ин ҷо мактаб, маркази тиббӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ сохта шуданд. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бошад, симои деҳа куллан дигар шуд — роҳҳо таъмир, муассисаҳо навсозӣ ва шароити зист беҳтар гардид.
Ҷуғрофия ва табиат
Пасрӯд дар дараи Аловиддин, дар баландии зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Деҳа аз шимол бо деҳаи Шурмашк ва аз ҷануб бо Марғузор ҳамсарҳад мебошад. Атрофи деҳа пур аз дарахтони мевадиҳанда, сабзазорҳо ва манзараҳои биҳиштосо аст. Дарёи Аловиддин, ки аз пиряхҳои Фан ҷорӣ мешавад, на танҳо манбаи обёрии зироатҳост, балки симои зебои табиии маҳалро ҳам афзун мекунад.
Шуғл ва тарзи зиндагии мардум
Мардуми меҳнатқарини Пасрӯд аз қадимулайём ба чорводорӣ, зироаткорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ машғуланд. Аз шир маҳсулоти гуногун — ҷурғот, қаймоқ, маска, панир ва чакка истеҳсол мекунанд, ки на танҳо дар бозори маҳаллӣ, балки миёни сайёҳон низ талабот доранд. Дар боғҳои деҳа себ, зардолу, олу ва тут мерӯянд.
Занону духтарони деҳа ҳунари адрасбофӣ, гулдӯзӣ ва дӯхтани либосҳои миллӣ доранд. Ин ҳунарҳо аз насл ба насл гузашта, имрӯз низ дар рӯзгори сокинон ҷойгоҳи хоса доранд.
Меҳмондорӣ ва анъанаҳои миллӣ
Пасрӯдиён, мисли дигар мардуми Фалғар, бо меҳмондӯстӣ, суханпазирӣ ва одобу расму русуми миллӣ шинохта шудаанд. Идҳои қадимӣ — Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон дар ин деҳа то ҳол бо шукӯҳ таҷлил мегарданд. Дар рӯзи Наврӯз саҳни хонаҳо пур аз гул мешавад, кӯдакон либоси идона ба тан мекунанд, ва мардум сурудхонӣ, рақсу бозӣ ва мусобиқаҳои мардумиро баргузор менамоянд.
Сайёҳӣ ва зебоиҳои табиӣ
Дар солҳои охир деҳаи Пасрӯд ба яке аз нуқтаҳои ҷолиби саёҳати экологӣ ва кӯҳнавардӣ табдил ёфтааст. Ҳар рӯз сайёҳони дохиливу хориҷӣ барои тамошои табиати Фон, рӯди мусаффои Аловиддин, кӯлҳои кӯҳӣ ва обшори наздики деҳа меоянд. Ҳайвоноти нодир, аз қабили бузҳои кӯҳӣ, парандаҳои зебо ва гиёҳҳои шифобахш, табиати ин маҳалро ба як осорхонаи зиндаи табиӣ табдил додаанд.
Дастовардҳои даврони Истиқлол
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ, деҳаи Пасрӯд низ аз тағйироти мусбат бебаҳра намонд. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №47 пурра таъмиру навсозӣ шуда, синфхонаҳо бо мизу курсӣ ва лавозимоти таълимӣ таъмин гардиданд.
Инчунин, бо ташаббуси сокинон ва ҷавонон, дар назди муассисаҳои таълимӣ заминҳои таҷрибавӣ барои кишти картошка ва зироатҳои сабзавотӣ таъсис дода шудаанд, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд.
Хулоса, Пасрӯд — ин танҳо як деҳаи кӯҳӣ нест. Ин гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон намунаи зиндаи меҳнати софдилонаи деҳқон, ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва пайвастагии инсон бо табиат мебошад. Табиати нотакрор, мардумони самимӣ ва фазои ором ин деҳаро ба макони дӯстдоштаи сайёҳон табдил додааст.
Пасрӯд — ин рамзи зебоӣ, меҳнат, сулҳ ва ваҳдати кӯҳистон аст.
Муаллиф: Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор




Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
Фарход Мусоев, Ashurov Davlatmurod и ещё 31









