
Ҷойгиршавӣ ва маълумоти умумӣ:
Деҳаи Канте дар ҷамоати деҳоти Фондарё, ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд ҷойгир аст.
Деҳа дар баландии зиёда аз 2000 ҳазор метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва бо роҳҳои шағалпӯш бо маркази ноҳия ва дигар деҳҳо иртибот дорад.
Ҷуғрофия ва табиат:
Деҳаи Канте дар водии Зарафшон воқеъ гардида, қисми нисбатан ҳамвор ва ороми яке аз ёздаҳ шохобҳои чапи дарёи Пасрӯдро ташкил медиҳад. Заминаи зисти деҳа пур аз канданиҳои фриданок ва конҳои ангишт мебошад, ки дар рушди иқтисоди маҳаллӣ нақши муҳим доранд.
Заминҳо асосан аз чашмаҳо обёорӣ мешаванд. Қишлоқ бо боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул аст.
Таърихи ном ва асосгузорӣ:
Номи деҳа – «Канте» – аз авестӣ ва забонҳои қадими сугдӣ бармеояд:
Канда = ганда, канд = ганд – маънояш «шаҳр бо канали обгузаронидашуда»;
Вобаста ба kanthaiti – «кандан, обод кардан, заминро бо канали сунъӣ обёрӣ кардан».
Соли асосгузорӣ: 1904 (манбаи таърихӣ: Вирский, Михаил Моисеевич. Список населенных мест Самаркандской области, 1906).
Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: карӣошкапарварӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, зироаткорӣ.
Инфрасохтор:
Деҳа мактаби 11-сола, магазин ва клуб дорад. Дар солҳои охир бо иқдоми сокинон ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ бунёди толори варзишии муосир, саҳни сафолакпӯшшудаи мактаб, ва бинои махсус барои чорабиниҳои иҷтимоӣ амалӣ шудааст.
Фарҳанг ва урфу одат:
Сокинони деҳа ба урфу одати мардумии болооби Зарафшон содиқанд:
Идҳои миллӣ: Наврӯз, Сада, Тиргон, Меҳргон;
Анъанаҳо: меҳмоннавозӣ, ҳунарҳои мардумӣ, корҳои боғдорӣ ва зироаткорӣ;
Табиати зебо: кӯҳҳо ва чашмаҳои пок, заминҳои обёридашуда;
Чорводорӣ ва хоҷагии деҳқонӣ аз қадим маъмул мебошад.
Ҳодисаҳои муҳими таърихӣ:
1905 – дар давраи Ҳокимияти Россия, Самаркандская область, Пенджикентский участок, Искандеровская волость, Пасрутское сельское общество, деҳа Канте қайд шудааст.
Соли 2025 – бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар боғи деҳа чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободонӣ баргузор гардид.
Мақсад ва аҳамият:
Деҳаи Канте намунаи якдилии мардум, ҳифзи урфу одат ва рушд дар шароити кӯҳистон аст. Сокинон бо саҳми худ дар ободии маҳал ва рушди инфрасохтор намунаи ҳусни ҳамкорӣ ва худшиносии миллӣ мебошанд.
Ҳар санг, ҳар чашма ва ҳар гӯшаи ин деҳа таърихи худро дорад. Канте на танҳо як маҳалли зист, балки як рамзи устуворӣ ва садоқати инсон ба замини бобоист.
Ба гуфтаи пирони деҳа, дар гузашта Канте аз чор қисм иборат буд: Канте-боло, Канте-поён, Чашмаи калон ва Майдони деҳ, ки ҳар яке хусусият ва аҳолии худро дошт. Дар фасли баҳор тамоми деҳа ба корҳои саҳроӣ мебаромад: мардҳо кишт мекарданд, занон ба нигоҳубини боғ ва чорво машғул мешуданд.
Дар даврони шӯравӣ Канте ҳамчун қисми колхози ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шинохта мешуд. Аз ҳамин давра мактаб, клуб ва анбори ғалла бунёд гардиданд. Пас аз истиқлол, бо дастгирии сокинони меҳнатқарин ва муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои ободонӣ вусъат гирифтанд: роҳҳо таъмир шуданд, хатти оби нӯшокӣ аз чашмаи кӯҳӣ кашида шуд ва хонаҳои нав сохта шуданд.
Имрӯз деҳа симои нав гирифтааст — манзилҳои зебо, боғҳои ҳосилхез, мактаби муосир ва майдони варзишӣ аз пешрафти ҳаёти иҷтимоии Канте дарак медиҳанд. Бо вуҷуди муҳоҷирати қисме аз ҷавонон, муносибати мардум ба зодгоҳ самимӣ боқӣ мондааст. Ҳар сол дар фасли баҳор сокинони Канте, новобаста аз макони иқомати худ, барои Ҷашни Наврӯз ба деҳа бармегарданд. Он рӯз Канте ба як ҷашнгоҳи бузург табдил меёбад.
Канте имрӯз мисли дигар деҳоти куҳистони Зарафшон, бо ҳифзи анъанаҳои аҷдодӣ, меҳнатдӯстӣ ва ҳамбастагӣ, рамзи зиндагии осоишта ва ватандӯстии тоҷикони кӯҳистон аст.
Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор





и ещё 12
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
Мухаммадсамеъ Самиев, Фарход Мусоев и ещё 43









