Маълумот дар бораи деҳаҳои ноҳияи Айнӣ

Деҳаи Пойи Мазор – Гузориш аз таърих, урфу одат ва табиати кӯҳӣ

Деҳаи Пойи Мазор яке аз баландтарин деҳаҳои ноҳияи Айнӣ буда, дар миёни қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Зарафшон ҷойгир аст ва қариб ки дар рӯйи кӯҳ ҷойгир шудааст. Масофаи деҳа то маркази ҷамоат ва маркази ноҳия баробар ба 29 километр мебошад.
Яке аз ҷолибтарин ҷузъҳои таърихии деҳа мазори Мулло Мавлоно Фахриддини Румӣ мебошад, ки ба асри 12 тааллуқ дорад. Мавлоно Фахриддин Румӣ, шоир ва мутафаккири маъруф, зиёда аз 48 китоб таълиф кардааст. Яке аз ин китобҳо бо вазни 50 килограмм ҳанӯз дар Аврупо нигоҳдорӣ мешавад. Мазори Мавлоно барои мардуми маҳаллӣ на танҳо як макони маънавӣ ва таърихӣ, балки рамзи иртиботи фарҳангии минтақа бо ҷаҳони бузурги илму адаб мебошад.
Таърихи минтақа ва алоқамандӣ бо Бутамон ва Фалғар
Ҳудуди деҳаи Пойи Мазор дар давраҳои қадим ҷузъи минтақаҳои муҳими Бутамон ва Фалғар ҳисоб мешуд.
Бутамон ҳамчун яке аз марказҳои қадими сиёсӣ ва фарҳангӣ дар водии Зарафшон шинохта мешуд. Ин минтақа дар таърих ҳамчун нуқтаи стратегӣ барои савдо ва иртиботи байни шаҳрҳои кӯҳистон ва водиҳо хизмат кардааст. Аҳолии Бутамон ба кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ машғул буданд, ки мероси онҳо то ба имрӯз дар Пойи Мазор, эҳё шудааст.
Фалғар дар таърих ҳамчун маркази маъмурӣ ва фарҳангӣ маъруф буд. Бархе муҳаққиқон мегӯянд, ки замоне Фалғар маркази идораи маҳалҳои атроф, аз ҷумла Пойи Мазор буд. Ин минтақаҳо бо роҳҳои кӯҳӣ ва дашту водиҳо бо ҳам пайваст буда, алоқаи фарҳангӣ ва иқтисодӣ байни аҳолии кӯҳӣ ва деҳотро таъмин мекарданд.
Ин алоқамандӣ бо минтақаҳои қадимии Бутамон ва Фалғар на танҳо таърихӣ, балки фарҳангӣ ҳам аҳамият дорад. Урфу одатҳои мардумӣ, анъанаҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ, ҷашну маросимҳои миллию мазҳабӣ ва ҳунармандии мардум асосан аз мероси ин минтақаҳо ибтидо мегиранд.
Фарҳанги мардумӣ ва урфу одати Пойи Мазор
Аҳолии деҳа урфу одатҳои миллии тоҷиконро то ба имрӯз нигоҳ доштааст. Онҳо боғдорӣ, кишоварзӣ ва чорводориро ривоҷ дода, анъанаҳои қадима ва суннатҳои мардумиро эҳё мекунанд. Ҷашну маросимҳои миллӣ ва мазҳабӣ дар деҳа бо шукӯҳ ва эҳтироми махсус баргузор мешаванд:
Наврӯз – ҷашни баҳорӣ ва оғози соли нави астрономӣ.
Сада ва Меҳргон – ҷашнҳои пирӯзии оташ ва муҳаббат ба табиат.
Тиргон – ҷашни эҳтироми офтоб ва кишоварзӣ.
Иди Саиди Фитр ва Иди Қурбон – ҷашнҳои мазҳабӣ бо риояи суннатҳои исломӣ.
Ҳунармандӣ ва анъанаҳои мардумӣ
Мардуми Пойи Мазор ба ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили бофандагӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ ва дигар ҳунарҳои анъанавӣ шуғл доранд. Ин ҳунарҳо на танҳо барои истифодаи рӯзмарра, балки ҳамчун рамзи фарҳанг ва мероси гузаштагон нигоҳ дошта мешаванд.
Табиати зебо ва ҷолибиятҳои кӯҳӣ
Пойи Мазор бо манзараҳои нотакрор ва табиати кӯҳӣ диққати сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад. Қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Зарафшон, чашмаҳо, доманакӯҳҳо ва роҳи пурманзараи кӯҳӣ барои дӯстдорони табиат ва сайёҳон як макони махсус мебошанд.
Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор
и ещё 20
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

Мухаммадсамеъ Самиев, Саиднур Саидахмедов и ещё 116

Leave a Reply

Back to top button