
Мақоми ҷуғрофӣ ва мавқеъ
Деҳаи Ҳайронбед яке аз деҳаҳои зебо ва куҳансоли ноҳияи Айнӣ мебошад, ки дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Фондарё ҷойгир аст. Масофа аз деҳа то маркази ҷамоат — 8 км, то маркази ноҳия — 34 км.
Деҳа дар домани кӯҳҳои баланду сарбафалаккашидаи водии Зарафшон, дар баландии тахминан 1650–1700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Аз ҷануб бо деҳаи Махшевад, аз шарқ бо Дижик, аз шимол бо кӯҳи Ғанич ва аз ғарб бо шаҳраки Зарафшон-2 ҳамсарҳад мебошад. Аз поёни деҳа дарёи Искандардарё мегузарад, ки манзараи он ба зебоии деҳа ранги хос мебахшад.
Пайдоиш ва таърих
Дар гузашта деҳаи Ҳайронбед бо номи Ғанич маъруф буд. Ин маҳал дар байни кӯҳҳои Ғанич ва Мусадор тахминан дар асрҳои VI–VII милодӣ бунёд ёфтааст. Дар поёни деҳа дарахти азимҷуссаи беде будааст, ки бинандаро ба ҳайрат меовардааст — маҳз аз ҳамин ҷо номи Ҳайронбед пайдо шудааст (“бед”-и ҳайратангез, яъне бед, ки мардумро ба ҳайрат меорад).
Ҳайронбед дар ҳуҷҷатҳои расмии соли 1905 ҳамчун деҳаи “Хожбекъ” дар ҳайати вилояти Самарқанди империяи Русия зикр шудааст (дар “Списки населенных мест Самаркандской области”, М. Вирский, 1906).
Соли 1971 бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон расман деҳаи Ҳайронбед таъсис ёфт. Бо гузашти солҳо, деҳа рушд ёфт, мактаб, роҳ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ бунёд шуданд.
Аҳолӣ ва зиндагӣ
Солҳои 1905 дар деҳа 70 хоҷагӣ ва 422 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекарданд. Мувофиқи маълумоти соли 2025 шумораи аҳолӣ ба 146 хоҷагӣ ва 784 расид. Сокинони деҳа асосан тоҷикон мебошанд, ки бо меҳнатдӯстӣ, одоби баланди миллӣ ва ҳунармандии худ маъруфанд.
Дар деҳа як мактаби таҳсилоти умумӣ, пункти тиббӣ, ва инчунин майдончаи варзишии муосир мавҷуд аст, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст. Дар ин майдон барои бозии футбол, волейбол, баскетбол ва теннис шароит фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин, сохтмони ҳавзи шиноварӣ бо масоҳати 160 м² идома дорад, ки барои истироҳат ва варзиш хизмат хоҳад кард.
Гузарҳо ва маҳаллаҳо
Ҳайронбед аз чанд маҳалла иборат аст: Ғанич, Дандоншикан, Бурсак, Чуқурак, Ҷойи Осиё, Катежҳо.
Дар деҳа дарахти Сада мавҷуд аст, ки беш аз 450 сол умр дорад ва рамзи пойдории зиндагии мардуми деҳа шуморида мешавад.
Иқтисод ва ҳунарҳои мардумӣ
Аҳолии деҳа асосан ба деҳқонӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва асалпарварӣ машғуланд. Дар боғҳои сабз ва ҳавои тоза себ, нок, олуча, чормағз, гелос ва дигар меваҳои кӯҳӣ парвариш меёбанд.
Занони деҳа бо ҳунарҳои дастӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ, зардӯзӣ ва тоқидӯзӣ машҳуранд. Мардон бештар ба корҳои сохтмонӣ ва кишоварзӣ машғуланд.
Дар рӯзҳои баҳору тобистон деҳқонон заминҳоро обёрӣ мекунанд, дар тирамоҳ ҳосил ҷамъоварӣ мешавад ва дар зимистон сокинон бо ҳунарҳои хонагӣ машғул мешаванд.
Идҳо ва анъанаҳо
Мардуми Ҳайронбед идҳои миллӣ ва мазҳабиро бо шукӯҳ таҷлил мекунанд.
* Наврӯз — бо тантанаи хос: ороиши хонаҳо, пухтани суманак, мусобиқаҳои варзишӣ ва бозиҳои мардумӣ.
* Меҳргон — иди ҳосил, ки деҳқонон онро бо шодмонӣ пешвоз мегиранд.
* Иди Қурбон ва Рамазон низ бо меҳру муҳаббат ва эҳтироми суннатҳои исломӣ ҷашн гирифта мешаванд.
Ҷолиби диққат ва табиат
Табиат ва муҳити Ҳайронбед воқеан зебо аст: кӯҳҳои баланд, чашмаҳои соф, ҳавои тоза ва гулҳои саҳроӣ онро ба як гӯшаи биҳиштӣ табдил додаанд. Дар атрофи деҳа чашмаҳои маъруфи оби Ғанич, оби Зукка ва оби Мӯше ҷорӣ мебошанд.
Аз деҳа роҳ ба сӯи Искандаркӯл мегузарад, ки яке аз ҷойҳои зеботарини Тоҷикистон ва макони ҷолиби сайёҳӣ мебошад.
Шеър дар васфи Ҳайронбед
Агар хоҳӣ тамошокун, биё гулзори Ҳайронбед,
Бубини меҳри тобонро ту дар рухсори Ҳайронбед.
Ҳазорон булбулу тӯтӣ париҳо дар Ҳулолоташ,
Бубини разваю ризвон, ту дар дидори Ҳайронбед.
Хулоса, Ҳайронбед — на танҳо як деҳа, балки нигарони табиат, фарҳанг ва таърихи тоҷикон аст. Мардуми меҳнатдӯст, табиати зебо, анъанаҳои қадимӣ ва меҳмоннавозии сокинонаш аз он гӯшаи кӯҳистон як порчаи биҳишт месозанд.
Шамсиддин Халифаев, рӯзноманигор





и ещё 10
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
Фарход Мусоев, خداىنظر كريمي كزداني и ещё 34










